Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон тирпарронӣ шудааст


Марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон. Акс аз соли 2019
Марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон. Акс аз соли 2019

Дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, воқеъ дар минтақаи Хоҷа Аълои ҷамоати Чоркӯҳ, нисфирӯзии 25-уми октябр садои тирпаронӣ шунида шудааст.

Сокинони деҳаи Хоҷа Аълои шаҳри Исфара ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки онҳо лулаи оби ошомиданиро, ки аз замони шӯравӣ истифода мешуд, дар мавзеи Мулломалик таъмир карданӣ буданд, вале марзбонони қирғиз ба ҳаво тир кушода, монеи корашон шудаанд.

Мақомоти марзбонии ду кишвар фавран ба ин ҳодиса вокуниш карданд. "Ховар", хабаргузории давлатии Тоҷикистон аз қавли мақомоти марзбонии кишвар хабар додааст, ки 25-30 нафар сарҳадбонони қирғиз аз сокинон талаби қатъи кор дар ин мавзеъ кардаанд.

Дафтари матбуотии Кумитаи марзбонии Қирғизистон дар як изҳорот гуфтааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаи баҳсӣ лулаи об мекашиданд ва ба ҳушдорҳои марзбонон гуш надодаанд. Дар ин ҳолат, ба гуфтаи онҳо, марзбонони қирғиз ба ҳаво тири ҳушдордиҳанда холӣ кардаанд. Вале аксу видеое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаанд, нишон медиҳанд, ки яке аз ҳарбиён зону мезанад ва дар сатҳи қади инсон нишон мегирад.

Хабаргузории "Ховар" ба нақл аз маркази матбуотии нерӯҳои марзбони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ навиштааст, ки "ин қитъа қаламрави ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва иғвогарии навбатии марзбонони қирғиз ба мураккаб намудани вазъият дар хатти сарҳади ду давлат равона гардидааст".

Мақомоти тоҷик ва қирғиз гуфтанд, ки корҳо дар ин минтақаи марзӣ қатъ шудааст ва ду ҷониб сари ин масъала гуфтугӯ доранд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Ду тараф бо вуҷуди гузашти солҳо натавонистанд, сари минтақаҳои баҳсбарангез ба созиш расанд ва хатти марзро бикашанд.

Аз ин рӯ, зуд-зуд дар ин минтақаҳои баҳсӣ муноқиша сар мезананд.

XS
SM
MD
LG