Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар кӯчаҳои Душанбе гуфтанд, ки вазирону раисони оянда бояд чӣ гуна бошанд. ВИДЕО


Маркази шаҳри Душанбе
Маркази шаҳри Душанбе

Баъди шаш рӯз дар Душанбе ҷаласаи якҷояи вакилони Маҷлиси Намояндагон ва аъзои Маҷлиси Миллии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Мақомот сабаби ҷаласаро шарҳ надоданд, вале хабаргузории "Азия Плюс" навишт, ки қарор аст дар он рӯз Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун барандаи интихоботи 11-уми октябр савганд ёд кунад.

Ҳарчанд мухолифон натиҷаҳои интихоботро напазируфтаанд, интизор меравад, баъд аз маросими савгандёдкунӣ ҳукумати феълӣ низ ба истеъфо фиристода шавад. Эҳтимол баъзе аз вазирон ё раисони кумитаҳо дубора ба мансабҳои худ таъйин шаванд ва ё мақомҳои худро аз даст бидиҳанд.

Ба пешбинии баъзе аз коршиносон, тағйироте нахоҳад шуд, балки ҷойивазкунии чеҳраҳои пешина ва аз як мансаб ба мансаби дигар "кӯчидан"-и онҳо сурат хоҳад гирифт.

Радиои Озодӣ аз чанде роҳгузарон дар Душанбе пурсид, ки дар ҳайати нави ҳукумати Тоҷикистон чӣ гуна шахсонро дидан мехоҳанд?

Матни ҷавобҳоро дар инҷо хонед:

  • "Вазир бояд шахси бомаърифат бошад. Нафаре бошад, ки бихоҳад ҷамъият тағйир кунад ва беҳбудӣ шавад. Мехоҳам, ки ҷавон бошад, чун ақидаи онҳо дигар аст."
  • "Шахсони боинсоф бошанд. Аз самими дил кор кунанд, ғами халқро хӯранд. Ришва нагиранд, албатта."
  • "Ман ин хел корҳоро намедонам."
  • "Ҳар шахсе, ки ба ин вазифа таъин мешавад, бояд сазовори боварии халқ бошад. Пеш аз ҳама, худ аз кораш розӣ бошад. Он вақт ободӣ ва пешравӣ мешавад. Соҳиби маълумот, ҳозиразамон ҷаҳонбиниаш васеъ бошад."
  • "Ин хел суолҳо надиҳед, ки ҷавоб дода наметавонам."
  • "Вазирони ҳақиқат бошанд. Муомилаи хуб кунанд. Мо ҳаминро талаб дорем."
  • "Бояд кадрҳое шаванд, ки фасодро аз байн баранд."

Наворро дар инҷо бинед:

Вазирон бояд чӣ гуна бошанд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:37 0:00

Дар Фейсбук бинед:

Навиштани назару пешниҳодҳои худро фаромӯш накунед ва ё дар видео сабт карда, ба мо фиристед.

XS
SM
MD
LG