Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико мегӯяд, Эрону Русия талош доранд дар интихоботи моҳи ноябр мудохила кунанд


Акс аз бойгонӣ.

Мақомҳои амниятии Амрико гуфтанд, ки Эрону Русия ба маълумот дар бораи интихобкунандаҳои амрикоӣ даст ёфтаанд ва талош доранд, пеш аз баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар ба афкори умум таъсир расонанд.

Ҷон Ротклиф, раиси истихбороти Амрико, рӯзи 21-уми октябр дар як нишасти хабарӣ гуфт, Русияву Эрон қадамҳоеро ҷиҳати мудохила дар интихоботи президентии Амрико бардоштаанд. Ин интихобот рӯзи севуми ноябри имсол баргузор мешавад.

Вай Эронро ба фиристодани имейлҳои таҳдидомез ба раъйдиҳандагони Ҳизби демократ муттаҳам кард. Ӯ афзуд, тасдиқ кардаанд, ки Русияву Эрон ба таври ҷудогона баъзе аз иттилооти раъйдиҳандагони амрикоиро ба даст овардаанд.

Ба қавли ӯ, ҳадафи ирсоли имейлҳои дурӯғин аз сӯи Эрон ба интихобкунандаҳои амрикоӣ, тарсондани онҳо, доман задан ба нооромиҳои иҷтимоӣ ва садама задан ба мавқеи раиси ҷумҳур Доналд Трамп аст.

Раиси идораи таҳқиқоти федеролии Амрико, ки дар ин нишасти хабарӣ ҳузур дошт, гуфт, Иёлоти Муттаҳида ҳар кишвареро, ки дар интихоботи соли 2020 мудохила кунад, ҷазо хоҳад дод. Аммо ин ду мақоми амниятии Амрико нагуфтанд, ки Эрону Русия чӣ гуна ба иттилоот дар бораи интихобкунандаҳои амрикоӣ дастрасӣ пайдо кардаанд.

Ин нишасти хабарӣ дар ҳоле баргузор шуд, ки раъйдиҳандагони демократ дар чаҳор иёлат, аз ҷумла Флорида ва Пенсилвания, ки рақобати байни Доналд Трамп ва Ҷо Байден дар онҳо бисёр пуршиддат аст, имейлҳои таҳдидомезе дарёфт кардаанд.

Тибқи ин гузориш, эҳтимолан имейлҳои раъйдиҳандагон аз маълумотҳои маркази интихоботи иёлатҳо ба даст омада бошад. Дар маркази интихоботии ҳар иёлат маълумоти раъйдиҳандагон аз ҷумла узвият дар кадом ҳизб, шумораи телефон, почтаи электронӣ ва нишонаи ҷои истиқомат сабт мешавад.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи Намояндагии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид ҳар гуна дахолат дар умури Амрикоро рад кардааст. Алиризо Юсуфӣ дар баёнияе эълом кард, "Эрон ҳеҷ алоқае ба дахолат дар интихоботи Амрико ва натиҷаи он надорад. Амрико бояд ба иттиҳомоти бадхоҳона ва хатарноки худ алайҳи Эрон поён диҳад".

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", ниҳодҳои иктишофии Амрико қаблан ҳушдор дода буданд, ки Эрон эҳтимолан дар ростои зарба задан ба Доналд Трамп дар интихоботи Амрико аст ва Русия дар садад аст, ки оқои Трамп дубора интихоб шавад.

Ин хабаргузорӣ изофа кардааст, ки маълумоти раъйдиҳандагон умумӣ аст ва барои ҳама дастрас мебошад ва мақомҳои амрикоӣ мушаххас накардаанд, ки Эрон ва Русия чигуна ин маълумотро ба даст овардаанд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG