Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши бозгардонидани 180 муҳоҷири бандмондаи тоҷик дар марзи Қазоқистону Узбекистон


Муҳоҷирони тоҷик дар марзи Русия ва Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Созмони ҷаҳонии муҳоҷират бо пахши як иттилоия гуфт, ки талош дорад барои ба ватан бозгардонидани 180 муҳоҷири тоҷики бандамонда дар марз мусоидат кунад. Ба қавли созмон шаҳрвандони Тоҷикистон дар гузаргоҳи Жибек Жолии воқеъ дар марзи Қазоқистон ва Узбекистон мунтазири интиқол ба ватан ҳастанд.

Ин муҳоҷирон бинобар маҳдудиятҳои вобаста ба COVID-19 Қазоқистонро тарк карда наметавонанд ва дар ин кишвар бидуни манбаи рӯзгузаронӣ мондаанд.

Созмони ҷаҳонии муҳоҷират меафзояд, то имрӯз бозгардонидани муҳоҷирони дармонда дар марзҳо тариқи роҳи заминӣ, бинобар ҳамкории ниҳодҳои марбутаи Қазоқистону Узбекистон ва Тоҷикистон имконпазир шудааст.

XS
SM
MD
LG