Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳои дипломатӣ барои хатми низоъ дар Қаробоғ идома доранд


21 октябр, Брюссел. Президенти Арманистон Армен Саркисян ва президенти Шӯрои Аврупо Чарлз Мишел пеш аз шурӯи музокирот
21 октябр, Брюссел. Президенти Арманистон Армен Саркисян ва президенти Шӯрои Аврупо Чарлз Мишел пеш аз шурӯи музокирот

Президенти Арманистон Армен Саркисян барои музокира бо мақомоти Иттиҳоди Аврупо ва НАТО ба Брюссел сафар кард, дар ҳоле, ки вазирони хориҷаи Озарбойҷон ва Арманистон дар Маскав қарор доранд, то роҳҳои дипломатии хатми даргириҳо дар минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳиро баррасӣ кунанд. Дар паи шурӯи даргириҳои нав дар минтақа аз 27-уми сентябр то ҳол садҳо низомиёну афроди мулкӣ кушта шуданд. Вазорати хориҷаи Озарбойҷон дар изҳороте рӯзи 21-уми октябр гуфт, ки вазир Ҷейҳун Байрамов ба хотири “машваратҳо бо ҷониби Русия" ба Маскав парвоз кард. Ҳамкори армании ӯ Зоҳраб Мнатсаканян қарор аст бо вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дидору гуфтугӯ кунад. Маълум нест, ки оё ду вазир бо ҳам мулоқоти рӯбарӯ барпо мекунанд ё на. Баъди ин қарор аст Байрамов ва Мнатсаканян ба Вашингтон бираванд. Он ҷо 23-уми октябр бо ширкати котиби давлатии ИМА Майк Помпео музокирот ба хотири хатми низоъ барпо мешавад. ИМА, Фаронса ва Русия узви Гурӯҳи Мински САҲА мебошанд. Ин гурӯҳ соли 1994 ташкил шуда, ҳадафаш дастёбӣ ба оташбас дар Қаробоғи Кӯҳӣ аст, вале то ҳол талошҳояш бенатиҷа будааст. Дар ҳамин ҳол, рӯзи 21-уми октябр ҳарду ҷониб аз даргириҳои нав дар дохил ва атрофи Қаробоғи Кӯҳӣ гузориш доданд ва оташбаси дуюми миёни ҷонибҳо ҳосилшуда таҳти хатар мебошад.

XS
SM
MD
LG