Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Санаи интихоботи нави парлумонии Қирғизистон таъин шуд


Содир Ҷабборов (Ҷапаров) - иҷрокунандаи президенти Қирғизистон то интихоботи парлумонии 4-уми октябри имсол як зиндонӣ буд, ки барои гаравгонгирӣ айбдор шуда буд
Содир Ҷабборов (Ҷапаров) - иҷрокунандаи президенти Қирғизистон то интихоботи парлумонии 4-уми октябри имсол як зиндонӣ буд, ки барои гаравгонгирӣ айбдор шуда буд

Комиссиюни марказии интихоботҳои Қирғизистон рӯзи 20-уми декабрро ҳамчун таърихи баргузории интихоботи нави парлумонӣ таъин кард. Ин таҳаввулот дар ҳолест, ки натиҷаҳои интихоботи 4-уми октябри имсол бо интиқод аз тақаллуб ба манфиати ҳизбҳои рӯ ба президенти собиқ Сооронбой Ҷеенбеков бекор шуд ва дар кишвар бебандубориву бӯҳрони сиёсӣ эҷод кард. Санаи интихоботи навро рӯзи 21-уми октябр тасдиқ карданд. Баъди истеъфои ҳафтаи гузаштаи Ҷеенбеков, нахуствазир Содир Ҷабборов (Ҷапаров) иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон шуд. Ҷабборов худ дар авҷи эътирозҳо аз ҷониби тарафдоронаш аз зиндон озод ва якбора ба бозигари муҳими сиёсӣ табдил гашт. Ӯро чор сол пеш бо иттиҳоми одамрабоӣ ба зиндон маҳкум карданд, вале худи ӯ ҳамеша гуфтааст, ки қурбони бозиҳои сиёсии гурӯҳҳои манфиатдор шуд. Шурӯъ аз 16-уми октябр Ҷабборов салоҳиятҳои иҷрокунандаи президентро ба ӯҳда дорад ва ваъда додааст, ки интихобот озоду одилона баргузор мешавад. Худи Ҷабборов аз рӯи қонун ҳақ надорад, ки дар интихоботи президентӣ, ки ҳамчунин бояд баргузор шавад, иштирок кунад, вале худи ӯ гуфтааст, ки агар қонун тағйир дода шавад, ӯ метавонад дар интихобот рақобат кунад.

XS
SM
MD
LG