Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Трамп сироятшиноси калони кишварро "аҳмақ" номид


Кохи Сафед. Доктор Энтони Фаучи, сироятшиноси аршади ҳукумати ИМА ва президент Доналд Трамп
Кохи Сафед. Доктор Энтони Фаучи, сироятшиноси аршади ҳукумати ИМА ва президент Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ба мутахассиси баландмақоми ҳукуматаш Энтонӣ Фаучӣ дарафтода, ӯро «аҳмақ» номид. Ӯ рузи 19-уми октябр гуфт, раиси Маркази мубориза бо бемориҳои сироятӣ дар Амрико тавсияҳои нодурусте барои муқобила бо пандемияи коронавирус додааст.

Ӯ гуфт: “Амрикоиҳо аз шунидани Фаучӣ ва ҳамаи ин аҳмақҳо ва аҳмақҳое, ки нодуруст мефаҳманд, хаста шудаанд.”

Доналд Трамп дар ин бора ҳангоми суҳбати телефонӣ бо аъзои ситоди интихоботиаш сухан гуфта ва Энтонӣ Фаучиро “як мусибат” номидааст.

Раиси ҷумҳури Амрико дар ин бора баъд аз он суҳбат кард, ки Энтонӣ Фаучӣ дар як мусоҳибаи телевизионӣ гуфт, аз онки коронавирус ба Доналд Трамп сироят кард, ҳайрон нашудааст, чун ӯ як маросими бузурге баргузор карда буд ва дар он одамони зиёде ниқоби тиббӣ надоштанд ва фосилаи иҷтимоиро риоят намекарданд.

Дар айни суҳбати телефонӣ бо аъзои ситодаш, Доналд Трамп изҳори боварӣ кардааст, ки дар интихоботи рӯзи 3-уми ноябр пирӯз мешавад. Ӯ гуфтааст, маъракаи таблиғотиаш фавқуллода хуб мегузарад, бо вуҷуди онки назарсанҷиҳо нишон додаанд, Доналд Трамп аз назари маҳбубият дар байни мардум дар бисёре аз иёлатҳои муҳими Амрико аз рақиби демократаш Ҷо Байден ақиб мемонад.

XS
SM
MD
LG