Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боку ва Ереван якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам карданд. ВИДЕО


Минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ.
Минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ.

Оташбаси нав ба хотири хатми низоъ дар минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ зоҳиран таҳти хатар аст, чунки нерӯҳои Арманистон ва Озарбойҷон дигарбора якдигарро дар тирандозӣ гунаҳгор карданд.

Қарор аст рӯзи 19-уми октябр дар як ҷаласаи машваратии пӯшида вазъи минтақа ба баррасӣ гирифта шавад. Аз ин пеш дабири кулли СММ Антонио Гутерреш ҳамла ба мардуми мулкӣ дар ҷангҳои охирро маҳкум намуда, ҳарду ҷонибро ба риояи оташбас даъват кард.

Қаробоғи кӯҳӣ. Ҷанге бе пирӯз.
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:40 0:00

Оташбас рӯзи 17-уми октябр эълон шуд ва ин дуюмин бор аст, ки баъди шурӯи даргириҳо дар таърихи 27-уми сентябр дар миёни ҷонибҳо оташбас эълон мешавад. Вале созиши ҳосилшуда бо ташаббуси Русия натавонист пеши роҳи хушунатҳои навро бигирад.

Мақомот дар Қаробоғи Кӯҳӣ рӯзи 19-уми октябр гуфтанд, ки нерӯҳои Озарбойҷон мавқеъҳои онҳоро дар шимолу ҷануби хати тамос гулӯлаборон карданд

Вазорати дифои Озарбойҷон гуфт, ки нерӯҳои Арманистон шабонгоҳ мавқеъҳои онҳоро дар минтақаҳои Горанбой, Тартар ва Ақдам ва минтақаи Ағҷабедиро субҳи 19-уми октябр тирборон карданд.

Рӯзе аз ин пеш Жозеп Боррелл, дипломати аршади аврупоӣ аз вазирони умури хориҷии ҳарду кишвар хост, ки даргириҳоро маҳкум намуда, ҷонибҳои даргирро ба хатми низоъ водор бикунанд.

Минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ, ки асосан аз ҷониби аксари арманиҳои масеҳитабор назорат мешавад, баъди хатми ҷангҳо дар соли 1994 бар асоси муқаррароти байналмилалии эътирофшуда ба ҳудудҳои марзии ҷумҳурии аксар мусалмоннишини Озарбойҷон дохил мешавад.

Даргириҳои ахир нигарониҳои ба як моҷарои фаротари минтақавӣ табдил шудани ин низоъро ба вуҷуд овард, ки метавонад пойи Туркияву Русияро ҳам ба он бикашонад. Русия ва Арманистон узви СПАД ҳастанд.

Маълум нест, ки то куҷо дар даргириҳои ахир касе осеб дидааст ё на.

Мақомоти Қаробоғи Кӯҳӣ рӯзи 18-уми октябр гуфтанд, ки 40 талафоти дигарро дар миёни нерӯҳояшон ба қайд гирифтаанд ва шумораи умумии қурбониҳо аз замони оғози даргириҳои ахир ба 673 нафар баробар шудааст. Озарбойҷон ҳеҷ иттилое дар заминаи хисороти эҳтимолӣ нашр накардааст.

Озарбойҷон ва Арманистон дар вебсайтҳои расмии вазоратҳои хориҷии худ изҳороти ба ҳам монанде нашр карда гуфтанд, ки ба оташбаси нав омода ҳастанд. Дар оғози ин моҳ Фаронса, Русия ва Амрико ки ҳар се узви Гурӯҳи Мински САҲА мебошанд, хостори оташбаст шуда буданд.

Гурӯҳи Минск як ташаббуси дипломатӣ аст, ки дар талоши ҳалли бӯҳрони Қаробоғи Кӯҳӣ мебошад. Бокуву Ереван то ҳол дар бораи муваффақиятҳои худ дар даргириҳои ахир гузоришҳо нашр кардаанд.

XS
SM
MD
LG