Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзиёев ба як рӯзноманигори мунтақид хона тӯҳфа кард


Бобомурод Абдуллоев, рӯзноманигори узбекистонӣ.
Бобомурод Абдуллоев, рӯзноманигори узбекистонӣ.

Бобомурод Абдуллоев, рӯзноманигори узбекистонӣ, ки чанде пеш аз шаҳри Бишкеки Қирғизистон ба Тошканд истирдод шуд, аз номи президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев хонаи сеҳуҷрагӣ тақдим карданд. Дар ин бора Абдуллоев дар саҳифаи Фейсбук рӯзи 18 октябр хабар дод.

"Рӯзи 8 сентябри соли ҷорӣ президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба ман хонаи нави сеҳуҷраӣ бо ҳамаи ҷиҳозаш дар маҷмаии истиқоматии "Green Park"-и шаҳри Тошканд тақдим кард. Мо рӯзи 5 октябр ба ин хона кӯчидем. Алҳамдулиллоҳ! Сипос ба президент Шавкат Мирзиёев! Худо аз вай розӣ бошад!", - навишт рӯзноманигор.

Бобомурод Абдуллоевро ибтидои моҳи августи соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошт ва рӯзи 22 август ба Узбекистон истирдод карданд.

Вай рӯзи 22 август баъди бозпурсии ҳаштсоата аз сӯи мақомоти Узбекистон дар шаҳри Тошканд, озод шуд.

Мақомоти Узбекистон расман хабар надоданд, ки Абдуллоевро дар робита ба кадом парванда бозпурсӣ кардаанд.

Худи рӯзноманигор ҳанӯз дар шаҳри Бишкек гуфта буд, ки ӯро дар навиштани мақолаҳои зиддиҳукуматӣ бо имзои мустаори "Қора Мерган" айбдор мекунанд.

Абдуллоев ин айбро рад карда буд.

Ин рӯзноманигор дар соли 2017 бори аввал бо гумони сарнагун сохтани сохти конститутсионии Узбекистон боздошт ва моҳи майи соли 2018 озод шуда буд.

XS
SM
MD
LG