Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занозании дипломатҳои чиниву тайванӣ дар Фиҷи


Харитаи Тайван
Харитаи Тайван

Вазорати хориҷаи Тайван бо нашри изҳороте рӯзи 19-уми октябр гуфт, ки дар маросими таҷлил аз Рӯзи миллии Тайван дар кишвари Фиҷи миёни дипломатҳои чинӣ ва кормандони ҳукумати Тайван як занозанӣ рух дод. Ҷоанн Оу, сухангӯи вазорати хориҷаи Тайван дар як изҳороти хаттиаш гуфт, “вазорати хориҷа кори кормандони сафорати Чин дар Фиҷиро ба шиддат маҳкум мекунад, чун рафтори онҳо бо қонун ва меъёрҳои рафтори маданӣ дар ихтилоф аст”. Пекин дар талоши ин аст, ки ҳукуматҳои дигар кишварҳоро водор бикунад, ки аз Тайван дурӣ биҷӯянд. Баъди як ҷанги шаҳрвандии соли 1949 ҷазираи Тайван аз Чин ҷудо шуд, вале Чин инро эътироф намекунад. Ахиран Чин ба наздикиҳои ҷазираи демократии Тайван ҳавопаймоҳои ҷангии худро фиристод. Вазорат гуфт, ки ҳодисаи заноназанӣ шоми 8-уми октябр дар маросими ташкилкардаи намояндагии расмии Тайван дар пойтахти Фиҷи – шаҳри Сува рӯй дод. Ду дипломати чинӣ талош карданд, ки аз меҳмонҳои ҷамъшуда аксу маълумот ҷамъоварӣ кунанд. Ба ин маърака инчунин бархе сиёсатмадорон ҳам даъват шуда буданд. Вале вақте дипломатҳои тайванӣ талош карданд онҳоро аз ворид шудан ба меҳмонгоҳ пешгирӣ кунанд, хушунат бархост. Дар натиҷа, як дипломати тайванӣ бо ҷароҳатҳои сар ба беморхона интиқол ёфт. Полиси Фиҷи дипломатҳои чиниро аз маърака берун кард.

XS
SM
MD
LG