Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навалний гуфт, бо вуҷуди мухолифати мақомот, ба Русия бармегардад


Алексей Навалний. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ
Алексей Навалний. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Алексей Навалний, пешвои мухолифони Русия мегӯяд, ҳукумат ҳаматарафа саъй дорад, монеи бозгашташ ба Маскав шавад, вале бо ин вуҷуд ӯ бархоҳад гашт. Алексей Навалний дар як суҳбате бо телевизиони Си Би Эс-и Амрико, ки рӯзи 18-уми октябр нашр шуд, гуфт, азм дорад, баъд аз чанд моҳ ба Русия баргардад ва кори нотамомашро идома бидиҳад. Ӯ дар шаҳри Берлин бо Си Би Эс суҳбат кардааст, ки онҷо баъди заҳролуд шуданаш аз моддаи кимиёвии кушанда аз гуруҳи "Новичок" муолиҷа мегирифт. Алексей Навалний, ки моҳи август дар дохили ҳавопаймо бемор шуд, иддао дорад, ки заҳролуд карданаш кори дасти мақомоти Маскав аст. Ӯ мегӯяд, ки ҳар рӯз барои дармон ба шифохона меравад ва ҳанӯз ҳам эҳсоси карахтӣ дорад. Алексей Навалнийро рӯзи 22-уми сентябр баъди 32 рӯзи муолиҷа аз шифохонае дар Берлин ҷавоб доданд. Ӯ дар мусоҳибааш мегӯяд, ки баъди даст расондан ба зарфи пластикии об заҳролуд шудааст. Ба қавли Навалний, заҳри қотил на дар дохили оби нӯшиданӣ, балки дар бадани худи зарфи он будааст.

XS
SM
MD
LG