Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи мушакӣ дар Ганҷа 13 нафар кушта ва беш аз 50 кас захмӣ шудаанд


Шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон. Маҳалли ҳодиса
Шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон. Маҳалли ҳодиса

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Озарбойҷон гуфт, ки дар натиҷаи ҳамлаи мушакӣ дар шаҳри Ганҷа 13 нафар кушта ва беш аз 50 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Ҳодиса рӯзи 17-уми октябр рух дод. Бар асари он дастикам манзили 20 хонавода вайрон шудааст. Ба гузориши бахши озарбойҷонии Радиои Озодӣ, ҳамлаи дигари мушакӣ дар шаҳри Мингачевир рух дод, ки дар онҷо сарбанди бузург воқеъ аст. Дар мавриди зарари он чизе гуфта нашудааст. Чанд соат пеш аз ин ҳамлаҳо, аз даргириҳои нав миёни нерӯҳои Озарбойҷону Арманистон дар дохилу атрофи Қарабоғи Кӯҳӣ, минтақаи мавриди муноқишаи ду тараф, гузориш шуда буд.

XS
SM
MD
LG