Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миллиардерро ба сарпечӣ аз пардохти молиёт муттаҳам карданд


Мақомоти расмии Амрико рӯзи 15-уми октябр гуфтанд, мудири як ширкати азими фанновариҳои навинро ба фирор аз пардохти молиёт ва пинҳон доштани 2 миллиард доллар даромад муттаҳам кардаанд.

Додситонҳои федеролии Амрико мегӯянд, Роберт Брокмани 79-сола дар 20 соли гузашта даромадҳояшро дар ширкатҳои оффшорӣ пинҳон кардааст. Додситонии Калифорния гуфт, ки байни онҳо ва миллиардери амрикоӣ, ки Роберт Смиф мудири Бунёди Саҳҳоми Виста Партнер мувофиқа ҳосил шуд, ки дар ивази шаҳодат додан ба зидди Роберт Брокман ба зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ боз намекунанд.

Бунёди мазкур ба Роберт Брокман тааллуқ дорад ва худи Роберт Смиф ҳам бояд 140 миллион доллареро баргардонад, ки дар ҳисобҳои оффшорӣ пинҳон кардааст. Раиси Идораи Андози Амрико амалкардҳои ҳарду нафарро “баднафсӣ” ва “бешармона” номид. Роберт Брокман, мудири иҷроияи ширкати "Рейнолд энд Рейнолдс" аст, ки дар Оҳайо қарор дорад ва нармафзорҳои компютерӣ истеҳсол мекунад.

Роберт Смиф, ки сарватмандтарин сиёҳпӯсти амрикоӣ ба ҳисоб меравад, соли 2019 ба як гуруҳи бузурги хатмкунандагони коллеҷе дар Атланта гуфт, ки ба ҷойи онҳо тамоми қарзеро, ки барои таҳсил гирифтаанд, мепардозад ва ситоиши зиёде шунид.

XS
SM
MD
LG