Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистон воксинзании умумӣ шуруъ шудааст


Бемористони кӯдакон дар Ишқобод

Дар Туркманистон воксинзании умумии сокинон шуруъ шудааст. Ба иттилои хабарнигорон, ин воксинзанӣ ҳатмӣ аст ва ҳар узви хонавода бояд онро бигирад.

"Ҳоло ҷавонон, занони ҳомила ва касонеро воксин мезананд, ки бо одамони зиёде сари кор доранд. Таъкид мешавад, ки воксинзанӣ ҳатмӣ аст. Аммо на номи воксин, на истеҳсолгар, на муҳлати онро пизишкон хабар намедиҳанд", - гуфт як хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ рӯзи 14 октябр.

Моҳи сентябри соли ҷорӣ дар қонунгузории Туркманистон тағйирот ворид шуд, ки бар асоси он, барои барқасдона паҳн кардани бемории норасоии масунияти одам ва дигар бемориҳои хатарноки уфунӣ, ҳамчунин парҳез аз ин бемориҳо то ду соли зиндон пешбинӣ гардидааст.

Ин тағйирот дар замони густариши вабои COVID-19 қабул шуд, ки то кунун мақомоти Туркманистон расман вуҷуди вабои мазкурро дар кишвар тасдиқ накардаанд.

Аммо шоҳидон мегӯянд, бемориҳое шабеҳ ба илтиҳоби шуш ва зукком дар он кишвар бедод мекунад.

XS
SM
MD
LG