Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳӣ. Бархӯрди 10 мушак дар деҳаҳои марзии Эрон


Мушакҳои ҷангӣ аз Қарабоғи Кӯҳӣ ба тарафи вилояти Озарбойҷони шарқӣ дар Эрон
Мушакҳои ҷангӣ аз Қарабоғи Кӯҳӣ ба тарафи вилояти Озарбойҷони шарқӣ дар Эрон

Мақомоти Озарбойҷон гуфтанд, аз оғози даргириҳо дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ даҳҳо минтақаро аз назорати Арманистон бозпас гирифтаанд. Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Эрон гуфтааст, дар пайи даргириҳои ахири Қарабоғи Кӯҳӣ, 10 мушак ба минтақаҳои марзии ин кишвар партоб шудааст ва дар сурати такрори он, "бетараф" намемонад.

Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон, дар сӯҳбат бо телевизиони туркии NTV гуфтааст, нерӯҳои ин кишвар аз охирҳои моҳи сентябр ба ин сӯ беш аз 40 минтақаи аҳолинишинро дар Қарабоғи Кӯҳӣ тасарруф кардаанд.

Алиев ҳамчунин гуфтааст, Туркия метавонист ҳалли сиёсии низои Озарбойҷону Арманистонро тезонад. Ба қавли ӯ, Боку ва Анқара бо вуҷуди тақвияти ҳамкорҳои ҳарбии худ масъалаи таъсиси пойгоҳи низомии Туркияро дар Озарбойҷон баррасӣ накардаанд. Президенти Озарбойҷон дар суҳбат бо телевизиони "France 24" низ иштироки низомии Туркияро дар ҳалли низоъ рад кард.

Намояндагони Қарабоғи Куҳӣ дар навбати худ хабар доданд, ки пойтахти минтақа Степанакерт дубора ҳадафи мушакҳои артиши Озарбойҷон қарор гирифт. Онҳо ҳамчунин иддаои Бокуро дар бораи ҳамла ба иншооти мадании Озарбойҷон рад намуданд.

Дар ҳамин ҳол, дар пайи бархӯрди 10 мушаки дигар дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ ба деҳаҳои наздимарзии Эрон дар вилояти Озарбойҷони шарқӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон гуфтааст, дар сурати такрори чунин мушакпарониҳо, Ҷумҳурии исломӣ "бетафовут" нахоҳад монд.

Хабаргузории расмии Эрон - ИРНА гузориш додааст, ки 10 мушак дар деҳаҳои Қули Бейглу ва Кадхолу фуруд омадаанд. Ба гуфтаи як масъули ин вилоят, бар асари бархӯрди ин мушакҳо як маҷмаи маскунӣ вайрон шуда, як нафар маҷрӯҳ шудааст.

Тибқи гузоришҳо аз оғози даргириҳо дар Қарабоғи Кӯҳӣ беш аз 50 мушак ба деҳаҳои марзии Эрон бархӯрдааст. Дар ин робита Саид Хатибзода, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон дар вокуниш гуфтааст, "мутаассифона ахбори нигаронкунандае дар ин бора имрӯз ба нашр расид, ки ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест".

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон овозаҳоро дар мавриди иқдоми низомии нерӯҳои марзбонӣ рад кард ва гуфт, "ҳифзи амният ва оромии шаҳрвандони эронии минтақаҳои марзӣ "хати сурх"-и нерӯҳои мусаллаҳи кишварамон ба шумор меравад ва дар сурати такрори ин гуна мушакпаронӣ, Ҷумҳурии исломии Эрон бетафовут нахоҳад монд".

Ӯ гуфтааст, дар ин замина ба Озарбойҷон ва Арманистон "ҳушдори ҷиддӣ" медиҳанд. Хатибзода таъкид кардааст, вазъ дар минтақаро аз наздик пайгирӣ доранд ва хостори "таваққуфи даргириҳо ва оғози гуфтугӯҳои ҷиддӣ" аст.

Ду ҳамсокишвар дар Қафқоз даҳсолаҳо боз душманӣ доранд ва наметавонанд сарнавишти Қаробоғи Кӯҳӣ як вилояти арманинишини Озарбойҷонро ҳал кунанд. Айни замон Қаробоғи Кӯҳӣ дар дасти ҷудоиталабони армании таҳти ҳимояти Арманистон аст. Ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки ҷанги Арманистону Озарбойҷон мумкин аст, ба муноқишаи бузургтаре табдил ёбад ва Русияву Туркияро ба он кашад.

Туркия дар ин ҷанг ба Озарбойҷон кумак мекунад. Русияву Туркия рӯзи 14-уми октябр дигарбора хостори музокироти чандҷонибаи байналмилалӣ барои ҳалли муноқишаи Қаробоғи Кӯҳӣ шуданд, ҳарчанд Туркия талаб кард, ки “сарзаминҳои ишғолӣ” ба Озарбойҷон баргардонда шаванд.

XS
SM
MD
LG