Сарвазири Қирғизистон Содир Жапаров шаби 15 октябр дар суҳбат бо ҷонибдоронаш дар маркази шаҳри Бишкек хабар дод, ки салоҳиятҳои президент ба ӯ дода шуданд.
"Ҳама чиз ба ҷои худ баргашт. Президенти пешин Сооронбой Ҷеенбеков истеъфо дод. Раиси порлумон Канат Исоев гуфт, наметавонад вазифаҳои президентро иҷро кунад ва аризаашро навишт. Имрӯз салоҳиятҳои президент ва сарвазир ба ман дода шуданд",-афзуд ӯ.
Содир Жапаров 10 октябр расман сарвазири Қирғизистон таъйин шуд. Ӯ то 6 октябр дар зиндон буда, ҷонибдоронаш дар натиҷаи эътирозҳои ахир вайро аз ҳабс озод карданд.
Дар Қирғизистон дар сурати истеъфои президент вазифаҳои ӯро муваққатан раиси порлумон иҷро мекунад. Вале расонаҳо хабар доданд, ки раиси порлумони Қирғизистон иҷрои вазифаҳои президентро рад кардааст.
"Ба далели он ки муҳлати кори даъвати шашуми порлумон ба охир мерасад, ман наметавонам вазифаҳои президентро иҷро кунам", - иқтибос овардаанд расонаҳо аз суханони Канат Исоев.
Дар баёнияи расмии Сооронбой Ҷеенбеков, ки рӯзи 15-уми октябр дар сомонаи хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон нашр шуд, омадааст: "Ман намехоҳам дар таърихи Қирғизистон ҳамчун раиси ҷумҳуре дар ёд монам, ки хуни шаҳрвандони худашро рехтааст."
Сооронбой Ҷеенбеков баъд аз тазоҳуроти оммавӣ ба зидди натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ (4-уми октябри имсол) истеъфо дод, ки дар он аксаран ҳизбҳои тарафдори ҳукумат пирӯз шуданд. Ӯ пештар аз истеъфо қарори порлумонро дар бораи интихоби Содир Ҷабборов (Ҷапаров) ба мақоми нахуствазир тасвиб кард.
"Дирӯз порлумон ҳайати ҳукуматро тасдиқ кард ва ман қарор дар бораи таъйини кадрҳоро имзо кардам. Аммо ин боис ба коҳиши шиддат нашуд. Мутаассифона, хушунат фурӯ наменишинад. Талаби истеъфои фаврии ман идома дорад. Вазъи кунунӣ ба ҷанги ду ҷониб наздик аст", - гуфт Ҷеенбеков дар муроҷиаташ рӯзи 15-уми октябр.