Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

То интихоботи Амрико камтар аз 3 ҳафта монд. Рақобати Трампу Байден шиддат мегирад


Дар акс: Ҷо Байден ва Доналд Трамп
Дар акс: Ҷо Байден ва Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 14-уми октябр дар аёлати Айова гирдиҳамоиеро баргузор кард. Трамп дар соли 2016 дар онҷо баранда шуда буд, аммо дар ҳоли ҳозир Айова яке аз аёлатҳое аст, ки рақобати шадид байни Доналд Трамп аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ва Ҷо Байден аз Ҳизби Демократ ҷараён дорад.

Интихоботи президентии Амрико рӯзи севуми ноябри имсол баргузор хоҳад шуд.

Доналд Трамп чаҳор сол пеш дар интихоботи президентии Амрико баранда шуд ва дафъаи дувум аст, ки вориди рақобат шудааст. Ҷо Байден, сенатори собиқ ва муовини раиси ҷумҳур дар ҳукумати Барак Обама, президенти пешини Амрико, аст.

Трамп рӯзи чаҳоршанбе дар ҷамъи ҳаводоронаш дар Айова гуфт: “Медонед, аз лиҳози сиёсӣ аёлати бисёр қавӣ ҳастед. Бароям аёлати бузург ҳастед. Нуфузи фавқулода ва қудрати фавқулода доред.”

Аёлати Айова ба хотири назорат бар Сенат низ муҳим аст. Ҷумҳурихоҳон бо хатари аз даст додани аксарияташон дар он рӯ ба рӯ ҳастанд.

Феълан Ҷумҳурихоҳон 53 курсӣ ва Демократҳо 47 курсии Сенатро дар ихтиёр доранд. Доналд Трамп гуфт, дар аёлати Айова баранда хоҳанд шуд.

Ҳангоми суханронии ӯ дар миёни ҳаводоронаш, онҳо ниқоби тиббӣ напӯшида буданд ва фосилаи ҷисмонӣ ҳам риоят намешуд. Аз Трамп ба хотири шеваи посухдиҳиаш ба бемории ҳамагир интиқод мекунанд.

Коронавирус ба тақрибан 8 миллион кас дар Амрико сироят карда, беш аз 216 ҳазор нафарро куштааст. Трамп ва ҳамсараш низ ба ин беморӣ гирифтор шуда, чанд рӯзро дар шифохона сипарӣ карданд.

Мелания Трамп, бонуи аввали Амрико, рӯзи 14-уми октябр гуфт, на танҳо худашу ҳамсараш, балки писари чаҳордаҳсолаи онҳо низ ба коронавирус мубтало шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, Ҷо Байден, номзади Ҳизби Демократ ҳеч гирдиҳамоӣ баргузор накарда, дар иваз ситоди интихоботии ӯ маъракаи ҷамъоварии пулро ба роҳ мондааст. Байден дар Твиттер гуфт, ситоди ӯ дар моҳи сентябр 383 миллион доллар гирд овард. Дар ҳоли ҳозир ситоди ӯ 432 миллион доллари нақд дорад.

Ситоди Трамп ва Кумитаи миллии Ҷумҳурихоҳон миқдори пули ҷамъовардаи худро дар моҳи сентябр эълон накардаанд.

Ба баргузории интихоботи президентии Амрико камтар аз се ҳафтаи дигар мондааст. Дар он кишвар президентро барои чаҳор сол интихоб мекунанд ва як нафар ҳақ дорад, ду дафъа зимоми қудратро ба даст гирад.

XS
SM
MD
LG