Дар Кумитаи адлияи сенати Амрико пурсупоси Эми Кони Барнет номзад ба мақоми додраси Додгоҳи олӣ идома кард ва суолҳо аз у аксаран дар бораи хадамоти тандурустӣ ва ё беҳдоштӣ дар Иёлоти Муттаҳида буд. Вакилони Ҳизби демократ, ки монеи тасдиқи узвияти Эми Барнет шуда наметавонанд, се рӯз аст, пурсупоси ӯро идома медиҳанд, то онро ба ҳайси маъракае ба зидди Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар остонаи интихоботи рӯзи 3-уми ноябр истифода баранд.
Рӯзи 14-уми октябр Эми Барнет, ки як додраси муҳофизакор аст, саъй кард, ба суолҳо доир ба тағйири иқлим, исқоти ҳамл, хадамоти тандурустӣ, издивоҷи ҳамҷинсгароён ва дигар масоил ҷавоб надиҳад. Ӯ ҳамчунин ба суолҳо доир ба сиёсат ва ё сиёсатгузориҳои умумӣ дар Амрико ҷавоб надод ва гуфт, дуруст нест, дар масоиле, ки шояд замоне ҳамчун додрас дар бораи онҳо қазоват кунад, назарашро бигуяд.
Додраси 47-сола ваъда дод, ки ҳангоми ҳукм ё қабули қарор доир ба масъалае пешқазоват намекунад ва онҳоро холисона баррасӣ мекунад. Ӯ гуфт, фақат ба Қонуни асосии Амрико такя мекунад ва ақоиду боварҳои шахсиаш ҳеҷ таъсире ба қарорҳои додгоҳӣ нахоҳад дошт.
Вакилони Ҳизби демократ пешбарии номзадии ӯ ба узвият дар Додгоҳи олиро ба сабаби наздик омадани интихобот ва дар замони коронавирус танқид кардаанд. Онҳо саъй доранд, Эми Барнетро ҳамчун душмани Бимаи арзони тиббие нишон бидиҳанд, ки дар аҳди Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико қабул шуд.