Бисёре аз кишварҳо аврупоӣ бо афзоиши мавридҳои гирифторӣ ба коронавирус рӯбарӯ шудаанд ва Фаронса рӯзи чаҳоршанбе маҳдудиятҳои рафту омад дар Порис ва ҳашт шаҳри дигар эълон кард. Ҳукумати Фаронса гуфтааст, ки ин маҳдудият ба муддати як моҳ идома хоҳад кард.
Паҳншавии коронавирус дар Фаронса дар баҳори соли ҷорӣ авҷ гирифт, аммо бо ҷорӣ кардани карантин, шумораи гирифторон рӯзона дар тобистон ба зери ҳазор нафар коҳиш ёфта буд. Аммо аз ҳудуди як моҳ пеш шумораи гирифторон дар рӯз аз 10 ҳазор нафар гузашт ва рӯзи чаҳоршанбе ин рақам ба беш аз 22 ҳазор нафар расид.
Чунин вазъият дар Италия, Испания ва бархе дигар аз кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Бритониё дида мешавад. Шумораи гирифторон ба коронавирус дар Аврупо дар як рӯз аз 100 ҳазор нафар гузаштааст.
Сешанбеи ҳафтаи ҷорӣ шумораи маргу мир бинобар КОВИД-19 дар Аврупо ба 1117 нафар ва рӯзи чаҳоршанбе ба 1290 нафар расидааст. Бештарин шумораи гирифторӣ рӯзи чаҳоршанбе дар Фаронса, Бритониё, Русия, Испания ва Белгия сабт шудааст.
Дар Русия моҳи гузашта шумораи гирифторон дар як рӯз ба зери панҷ ҳазор коҳиш ёфта буд, аммо акнун рӯзона ҳудуди 14 ҳазор нафар ба ин беморӣ мубтало мешаванд.
Дар минтақаи Қафқоз низ вазъ чунин аст ва дар Арманистон рӯзона беш аз ҳазор нафар ба ин беморӣ гирифтор мешаванд. Дар Ҷумҳурии Озарбойҷон шумораи гирифторон дар рӯз аз 200 нафар бештар аст, ки болотарин омор тайи 40 рӯзи гузашта мебошад. Ҳукумати Озарбойҷон аз рӯзи сешанбе вуруд ва хуруҷ ба чандин шаҳр, аз ҷумла шаҳрҳои ҳаммарз бо Эронро мамнуъ кардааст.
Гурҷистон, ки то моҳи гузашта яке аз кишварҳои бисёр муваффақ дар мубориза бо паҳншавии коронавирус буд ва рӯзона танҳо 10 то 20 мавриди нави гирифторӣ ба ин бемориро дошт, беш аз ду ҳафта аст, ки бо сабти беш аз 500 мавриди гирифторӣ ба ин беморӣ рӯбарӯ аст ва рӯзи чаҳоршанбе ин омор ба 700 маврид расид.
Дар ҳамин ҳол шумораи гирифторон дар Амрико нисбат ба миёнаҳои тобистон коҳиш ёфтааст. Аммо бо ин вуҷуд рӯзона 50 ҳазор нафар дар ин кишвар ба ин беморӣ гирифтор мешаванд.
Паҳншавии коронавирус дар кишварҳои Амрикои ҷанубӣ ҳамчунон чашмрас аст ва рӯзона ҳудуди ҳазор нафар ҷони худро аз даст медиҳанд.
Нуқтаи муҳим дар оморҳои байналмилалӣ, вазъияти нигаронкунанди Ҳинд аст, ки баъд аз Чин аз ҳама бештар аҳолӣ дорад. Дар рӯзҳои гузашта бештарин шумораи гирифторон дар ҷаҳон дар ин кишвар сабт шудааст.
Дар маҷмуъ, омори умумии гирифторон ба ин беморӣ дар саросари ҷаҳон рӯзи сешанбе 314 ҳазор нафар ва шумораи фавтидагон ҳудуди 5 ҳазор нафар гуфта шудааст. Аз оғози паҳншавии коронавирус 38 миллион нафар дар саросари ҷаҳон ба ин беморӣ мубтало шуда, ҳудуди 1,1 миллион нафар ҷон бохтаанд.