Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА дар Ҳилманд ба Толибон ҳамла карда хатми ҷангҳоро тақозо кард


12-уми октябр. Сокинони мулкӣ деҳоти Лашкаргоҳро, ки макони ҳамлаҳои ахири Толибон шудааст, тарк мекунанд

Нирӯҳои амрикоӣ дар вилояти ҷанубии Ҳилманд ба кӯмаки артиши Афғонистон рафта, ҷангҷӯёни Толибонро, ки чанд рӯзи ахир ба нирӯҳои ҳукуматӣ ҳамла мекунанд, ҳадаф қарор доданд. Ин ҳамла бо тақозои хатми ҷангҳо карда шуд. Полковник Сонни Леггетт, сухангӯи нирӯҳои амрикоӣ рӯзи 12-уми октябр гуфт, ки ҳамлаҳои ду рӯзи ахир бар хилофи созиши сулҳи ИМА ва Толибон нест, ки моҳи феврали имсол имзо шуд. Феълан дар Қатар музокироти сулҳи миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибон идома дорад. Леггетт гуфт, ки дар ду рӯзи гузашта нирӯҳои амрикоӣ чанд ҳамлаи ҳадафмандонаро дар Ҳилманд ба хотири ҳимоят аз нирӯҳои ҳукуматии Афғонистон анҷом ҳоданд.

XS
SM
MD
LG