Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ҷавони тоҷик бо се зарби корд дар Сургут ба қатл расидааст


Ризвоншоҳ Юсуфов
Ризвоншоҳ Юсуфов

Як ҷавони 26-солаи тоҷик дар шаҳри Сургути Русия бо се зарби корд кушта шудааст. Ҷасади Ризвоншоҳ Юсуфовро рӯзи 10-уми октбяр дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд дафн кардаанд.

Файзулло Аминов, роҳбари маркази милливу фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Сургут, рӯзи 11-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "бо мусоидати аъзои марказ ва тоҷикони хайрхоҳ ҷасади Ризвоншоҳ Юсуфовро рӯзи 9-уми октбяр ба Тоҷикистон фиристоданд.

Аминов афзуд, дар мавриди ҷузъиёти қатли ин ҷавони тоҷик маълумот надорад. "Ба мо муроҷиат карданд, ки ҷасади ҷавони тоҷикро бояд фиристем, аммо ӯ касе надоштааст. Ман танҳо ба корҳои ташкилии интиқоли ҷасад машғул будам, дар бораи чӣ гуна кушта шуданаш пурра маълумот надорам", -- иброз дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Аминов гуфт, ба ҳуқуқшиноси марказ дастур додааст, то қазияи қатли ҷавони тоҷикро пайгирӣ кунад, то омилони ин куштор ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Илҳом Бобоҷонов, яке аз дӯстони Ризвоншоҳ Юсуфов, гуфт, ӯ 6-уми октябр бе огоҳ кардани дӯстону наздикон бо даъвати як доғистонӣ ба боғи "Сайма"-и Сургут рафтааст. Бобоҷонов мегӯяд, Ризвоншоҳ се моҳи пеш бо нафароне, ки ӯро даъват карданд, муноқиша дошт.

"Намедонам сабаби ҷанҷоли онҳо чӣ аст. Ризвоншоҳ варзишгар буд ва ба худаш боварӣ дошт. Рафт ва дар он ҷо ӯро се корд задаанд. Баъд аз ин, 18 соат бо ҷароҳат дар беморхона хоб буд ва аз дунё даргузашт", -- нақл кард Бобоҷонов.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз кушта шудани Ризвоншоҳ Юсуфов пулис танҳо як нафарро боздошт кардааст. Мақомоти пулиси Русия дар ин бора маълумоти пурра надодаанд.

Ба гуфтаи дӯстонаш, Ризвоншоҳи 26-сола ягона фарзанди хонавода буда, дар хурдсолиаш аз падар маҳрум мондааст. Ризвоншоҳ Юсуфов дар Сургут ба таъмири хонаҳо машғул будааст.

XS
SM
MD
LG