Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи президентии Тоҷикистонро баргузоршуда эълон карданд

Овоздиҳӣ дар интихоботи президентии Тоҷикистон ба поён расид ва натиҷаҳои аввали онро соати даҳи рӯзи 12-уми октябр эълон мекунанд. Ин интихоботи шашуми раёсатҷумҳурӣ дар 29 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст ва як моҳ пештар аз вақти маъмулӣ баргузор шуд.


Чакида

  • Кумисюни марказии интихобот гуфт, 4 миллиону 900 ҳазору 545 шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳаққи овоздиҳӣ бархӯрдоранд. Ба иттилои расмӣ, дар нӯҳ соати раъйдиҳӣ тақрибан севуним миллион нафар овоз додаанд.
  • Дар Тоҷикистон 3375 нуқтаи интихоботӣ ва дар хориҷа 39 қитъаи овоздиҳӣ ташкил шудааст.
  • Интихоботро 145 нозири байналмилалӣ аз панҷ давлат, шаш созмони байналмилалӣ ва ҳашт сафорати муқими Душанбе назорат кардаанд. Дар миёни нозирон, аз ҷумла 7 намояндаи дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон (ODIHR), як сохтори вобаста ба САҲА ҳастанд.
  • Барои иштирок дар интихоботи президентии рӯзи 11-уми октябр дар Тоҷикистон 5 нафар номзад ҳастанд:

Абдуллоев Мироҷ аз Ҳизби коммунист (бори аввал)

Ғаффорзода Абдуҳалим аз Ҳизби сотсиалист (бори севум)

Латифзода Рустам аз Ҳизби аграрӣ (бори аввал)

Раҳматзода Рустам аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ (бори аввал)

Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби халқии демократӣ (бори панҷум).

  • Президент дар Тоҷикистон дар ҳафт сол як дафъа интихоб мешавад ва номзади пирӯз ҳақ дорад ду бор пайиҳам дар интихобот иштирок кунад. Бар асоси тағйироте, ки соли 2016 ба Конститутсия ворид карда шуд, Эмомалӣ Раҳмон унвони “Пешвои миллат”-ро гирифт ва ҳақ дорад, бемаҳдудият дар интихоботҳои президентӣ ширкат кунад.
  • Ҳизби сотсиал-демократ, ки дар ҳоли ҳозир ягона нерӯи мухолиф дар дохили Тоҷикистон дониста мешавад, интихоботи президентиро таҳрим кардааст.
  • "Гурӯҳи 24", як созмони фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон, ҳукуматро барои роҳ надодан ба номзадҳои мустақил ба интихоботи 11-уми октябр сахт танқид карда ва бо ишора "ба ҷиддӣ набудани номзадҳо" гуфтааст, натиҷаи интихобот аллакай маълум аст.

  • Паймони миллӣ, гуруҳи иборат аз созмонҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ки дар хориҷ қарор доранд, низ интихоботи раёсати ҷумҳуриро "ғайриқонунӣ" хонда ва аз созмонҳои байналмилалӣ хостааст, натиҷаҳои онро эътироф накунанд. Мақомот ҳамвора ба қонунӣ будани интихобот ва шоиста будани номзадҳо таъкид доранд.

Дар соатҳои аввали боз шудани нуқтаҳои раъйдиҳӣ дар Душанбе, овоздиҳандагон дар бисёре аз нуқтаҳо зиёд набуданд, аммо омадани мардум ба мушоҳида мерасид. Қоидаҳои беҳдоштӣ риоя мешуд ва ба онҳое, ки ниқоб надоштанд, дар даромадгоҳи нуқтаи раъйдиҳӣ ниқоб дода мешуд. Шумораи нозирон дар бархе аз нуқтаҳо хеле кам буд. Чанд ҳолати тақаллуб – андохтани чанд барга аз сӯи як нафар низ мушоҳида шуд. Ҳоло онки дар интихоботи президентӣ як нафар танҳо ҳаққи андохтани як баргаро дорад.

Овоздиҳӣ дар интихоботи президентии Тоҷикистон шуруъ шуд

Овоздиҳӣ дар интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон шуруъ шуд ва то соати ҳашти шом идома хоҳад кард. Ин интихоботи панҷуми раёсатҷумҳурӣ дар 29 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст ва як моҳ пештар аз вақти маъмулӣ баргузор мешавад. Ба он асосан намояндагони ҳизбҳои наздик ба ҳукумат роҳ ёфта, мухолифон дар он ҳузур надоранд ва онро бойкот кардаанд.

Бештар дар инҷо хонед

Аксҳо аз оғози раъйдиҳӣ

КМИРТ гуфт, дар се соат беш аз 20 дарсад дар интихобот иштирок кардаанд

Махфират Хидирова, узви Кумисюни марказии интихоботи Тоҷикистон гуфт, дар се соати аввали овоздиҳӣ дар интихобот беш аз 20 дарсади раъйдиҳандаҳо (зиёда аз 1 миллиону 23 ҳазор нафар) ба пойи сандуқҳои овоздиҳӣ рафтаанд. Тасдиқи дурустии он аз манобеи мустақил имкон надорад.

Ёфтҳои бештар

Шарҳҳоро бинед (47)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG