Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони қирғиз фармони президентро баҳс мекунанд


Порлумони Қирғизистон. Акс аз моҳи апрели соли 2020
Порлумони Қирғизистон. Акс аз моҳи апрели соли 2020

Вакилони порлумони Қирғизистон имрӯз, 10-уми октябр дар як ҷалассаи ғайринавбатӣ қарори президент дар бораи ҳолати фавқулода дар Бишкек ва пешниҳодҳо ба мақоми сарвазири нави ин кишварро баррасӣ мекунанд.

Қубодбек Боронов, сарвазири Қирғизистон пас аз оғози эътирозҳо дар шаби 5 ба 6-уми октябр дигар дар мазҳари ом пайдо нест ва бархе аҳзоби мухолифиин ба ҷойи ӯ Содир Ҷапаровро пешниҳод кардаанд, ки ӯро нав аз зиндон озод кардаанд.

Макони будубоши Сооронбой Ҷээнбеков, президенти Қирғизистон ҳам маълум нест, ҳарчанд, изҳоротҳои ӯ дар сомонаи ҳукумати ин кишвар нашр мешаванд.

Ӯ дар охирин изҳороти худ гуфт, ки дар Бишкек вазъи фавқулода эълон мекунад ва сурати ҷорӣ шудани тартибу низом омодааст аз мансаби президентӣ истеъфо диҳад.

Дар Қирғизистон рӯзи 4-уми октябр интихоботи порлумонӣ баргузор шуд. Мухолифон гуфтанд, ки интихобот шаффоф набуд ва бештар номзадҳои ҳизбҳои сиёсии наздик ба президент баранда дониста шуданд.

Ин мавҷи эътирозҳоро ба бор вард ва то кунун чунин вазъ дар Қирғизистон давом дорад.

XS
SM
MD
LG