Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бишкек вазъи фавқулода эълон шуд


Бишкек, 9-уми октябри 2020

Дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон, то 21-уми октябр вазъи фавқулода эълон шуд. Дар ин бора 9-уми октябр фармони раиси ҷумҳури ин кишвар Сооронбой Ҷеенбеков содир гардид. Вазъият дар Қирғизистон баъди он печида шуд, ки мухолифон ба натиҷаҳои интихоботи порлумонии 4-уми октябр дар он кишвар эътироз карданд. Онҳо гуфтанд, дар интихобот тақаллуби зиёд сурат гирифт ва асосан ҳизбҳои рӯ ба ҳукумат вориди порлумон шуданд. Кумисюни марказии интихоботи Қирғизистон рӯзи 6-уми октябр натиҷаҳои интихоботро бекор кард ва раиси ҷумҳур низ гуфт, омодаи истеъфо аст, вале ҳамоно эътирозҳо идома доранд.

XS
SM
MD
LG