Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия талошҳои дипломатиро барои хатми даргириҳо дар Қаробоғ вусъат мебахшад


6-уми октябр, Қаробоғи Кӯҳӣ. Мардум дар паноҳгоҳи бомба паноҳ бурдаанд
6-уми октябр, Қаробоғи Кӯҳӣ. Мардум дар паноҳгоҳи бомба паноҳ бурдаанд

Вазорати хориҷаи Русия гуфт, ки вазирони хориҷаи Арманистону Озарбойҷон ризоият доданд, ки рӯзи 9-уми октябр барои ширкат дар як ҷаласаи машваратӣ бо даъвати президент Владимир Путин ба Маскав мераванд ва роҳҳои хатми амалиёти низомӣ дар Қаробоғи Кӯҳиро баррасӣ хоҳанд кард. Қаблан сафири Арманистон дар Русия ба ТАСС тасдиқ кард, ки вазири хориҷаи ин кишвар Зоҳраб Мнатсаканян ният дорад рӯзи 9-уми октябр вориди Маскав шавад. Ҷузъиёти марбут ба сафари вазири хориҷаи Озарбойҷон Ҷейҳан Баҳрамов феълан дар даст нест. Кремлин гуфт, ки рӯзи 8-уми октябр музокироти вазирони хориҷаро ҳамкори русашон Сергей Лавров гардонандагӣ мекунад. Путин аз ҳарду тараф тақозо кард, ки душманиро канор гузоранд ва ҳарду ҷониб амалиёти табодули зиндониҳову мурдаҳоро барпо кунанд. Дафтари матбуоти Кремлин рӯзи 8-уми октябр навишт, ки баъди чандин сӯҳбати телефонии Путин бо президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ва нахуствазири Арманистон Никол Пашинян эҳтимоли эълони танаффус дар даргириҳо вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG