Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии парвандаи писари як мақомдори Узбекистон барои латту кӯби марди 56-сола оғоз шуд


Акс аз бойгонӣ.

Дар шаҳри Тошканди Узбекистон парвандаи Дилшод Исмоилов, писари раиси шаҳри Алмалик Усмон Рахимов аз сар гирифта шуд.

Расонаҳо менависанд, ки Дилшод Исмоилов марди 56-соларо латту кӯб кардааст. Ба иттилои додситонӣ, парванда ҳанӯз 11 июни соли ҷорӣ боз, аммо ба далели паҳншавии вируси корона ба таъхир афтода буд.

Дилшод Исмоилов писари раиси шаҳри Алмалики Узбекистон Усмон Рахимов аст. Вай рӯзи 28 май дар шаҳри Тошканд марди 56-сола ва писари 30-солаи ӯро латту кӯб карда буд. Навори ин занозанӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои гармеро ба бор овард.

XS
SM
MD
LG