Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собиқ шаҳрдори Ӯш ба Қирғизистон баргашт


Баъди шаш соли зиндагӣ дар хориҷи кишвар шаҳрдори собиқи Ӯш ба ватан баргашт ва кишварро ба ваҳдати миллӣ даъват кард
Баъди шаш соли зиндагӣ дар хориҷи кишвар шаҳрдори собиқи Ӯш ба ватан баргашт ва кишварро ба ваҳдати миллӣ даъват кард

Мелис Мирзакматов, собиқ шаҳрдори Ӯш рӯзи 7-уми октябр ба ин шаҳр баргашт ва дар муроҷиат ба тарафдоронаш гуфт, ки Қирғизистон “дар ҳолати бисёр хатарнок” қарор дорад. Мирзакматов давоми шаш сол дар хориҷи кишвар қарор дошт. Баъди эътирози мухолифон ва мардум аз натиҷаҳои интихоботи 4-уми октябри Қирғизистон, ки ба бовари онҳо ба фоидаи ҳизбҳои рӯ ба ҳукумат тақаллуб шудааст, дар Бишкек ва дигар шаҳрҳои калон хушунатҳо сар зад. Бахши Қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ки Мирзакматов аз Туркия ба Ӯш ворид шуд ва ҳамон замон назди ҳазорҳо тарафдоронаш ба майдони марказӣ рафт. Ӯ хитоб ба ҷамъомадагон даъват кард, ки ваҳдати миллиро ҳифз кунанд ва ба ҳама талошҳои гурӯҳҳои гуногун барои ба ҷанги шаҳрвандӣ кашидани кишвар муқовимат нишон диҳанд. Ӯ гуфт, ки интихоботи парлумонӣ “хеле ифлос гузашт” ва ба парлумон танҳо бояд ашхоси шоиста роҳ ёбанд. Комиссиюни интихоботҳои Қирғизистон рӯзи 6-уми октябр баъди як шабонарӯз эътирозҳое, ки ба хушунат печид, натиҷаҳои интихоботи парлумониро бекор кард ва гуфт, ки интихоботи нав баргузор мешавад. Президент Сооронбой Ҷеенбеков, ки ҳодисаҳои шаби 5 ба 6-уми октябрро талоши тасарруфи қудрат номид, то ҳол маълум нест, ки дар куҷо ба сар мебарад. Маълум нест, ки раҳбарии кишварро чӣ касе ба ӯҳда дорад.

XS
SM
MD
LG