Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон роҳро ба Туркияву Чин кушодааст. 8 октябр – аз Душанбе ба Истанбул


Икром Субҳонзода
Икром Субҳонзода

Мудири Оҷонси ҳавонавардии Тоҷикистон гуфтааст, ки пас аз ҳафт моҳи "танаффус" парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳоро ба Туркияву Чин ба роҳ монданд. Икром Субҳонзода рӯзи 6-уми октябр ба хабаргузории давлатии "Ховар" гуфтааст, парвозҳо аз Душанбе ба Истанбул дар ҳафтае ду бор ва аз Душанбе ба Урумчи дар ду ҳафта як бор дар назар аст. Мақомот гуфтанд, кашондани мусофиронро дар масири Душанбе-Истанбул ё баръакс ширкатҳои “Сомон Эйр” ва Turkish Airlines ба уҳда доранд, дар масири Душанбе-Урумчи ё баръакс ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр” ва China Southern Airlines. Нархи билети парвозҳо эълон нашудааст. Ширкати “Сомон Эйр” гуфт, парвозҳоро ба Истанбул аз 8-уми октябр аз сар мегирад, вале аз мусофирон хост, қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанд ва қабл аз парвоз бо худ натиҷаи ташхиси Ковид-19-ро бигиранд. Тоҷикистон аз нимаи дувуми моҳи марти имсол бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус парвози ҳавопаймоҳоро қатъ кард. Аз он замон то кунун барои овардани шаҳрвандон аз Русия ва кишварҳои дигар чанд парвози чартерӣ ё ғайринақшавӣ ташкил шуд. Мақомоти Оҷонси ҳавонавардии Тоҷикистон мегӯянд, феълан парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳо байни Душанбеву Дубай ба роҳ монда шудааст ва ба роҳ мондани парвозҳои мустақим байни Душанбеву Тошканд низ дар ҳоли баррасӣ аст.

XS
SM
MD
LG