Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кошифони ториктарин асрори коинот барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши физика шуданд


Девид Ҳевиланд, раиси Кумитаи Нобел оид ба физика ва оран Ҳанссон, дабири кулли Академияи илмҳои шоҳигарии Шведсия исми барандаҳои имсолаи ҷоизаи Нобелро эълон мекунанд
Девид Ҳевиланд, раиси Кумитаи Нобел оид ба физика ва оран Ҳанссон, дабири кулли Академияи илмҳои шоҳигарии Шведсия исми барандаҳои имсолаи ҷоизаи Нобелро эълон мекунанд

Соли 2020 Ҷоизаи Нобел дар бахши физика дар миёни се донишманд тақсим шуд. Ин ҷоиза имсол ба Роҷер Пенросе, Рейнҳард Гензал ва Андреа Ғез супурда мешавад. Горан Ҳанссон, дабири кулли Академияи илмҳои шоҳигарии Шведсия зимни эълони барандаҳои ҷоизаи имсолаи Нобел дар Стокҳолм гуфт:

“Имсол ҷоиза барои ториктарин асрорҳои коинот дода шуд. Академияи илмҳои шогигарии Шведсия қарор кард, ки ҷоизаи Нобелро дар бахши физика дар соли 2020 ба ду тақсим шуд: нисфаш ба Роҷер Пенросе дода мешавад, барои кашфиёте дар заминаи ин ки ташаккули шикофи сиёҳ ба назарияти нисбият рабт мегирад; нисфи дигараш - ба Рейнҳард Гензал ва Андреа Ғез барои кашфи вуҷуди як объекти сангине дар маркази коиноти мо”.

Девид Ҳевиланд, раиси Кумитаи Нобел оид ба физика дар изҳороте гуфт, ки кашфиёти соли ҷорӣ роҳро барои “омӯзиши объектҳои фавқулодда калону сангин” боз мекунад. Ӯ афзуд, ки ин объектҳо дар оянда бояд мавриди таҳқиқоти бештар қарор ёбанд.

Пенросе донишманди зодаи Бритониё буда, тавассути ҳисобҳои математикӣ исбот кардааст, ки сӯрохиҳои сиёҳ ба паёмадҳои назарияи нисбияти Алберт Эйнштейн рабт доранд. Гензели олмониву Ғези амрикоӣ ҳарду дар оғози солҳои 1990 гурӯҳҳои ҷудогонаи нуҷумшиносонро раҳбарӣ мекарданд, ки як манбаи амвоҷи радиоии маъруф ба “Камон Эй” (Sagittarius A)-ро дар маркази каҳкашон мавриди омӯзиш қарор додаанд. Таҳқиқоти онҳо шаҳодати вуҷуди шикофиҳои амиқи сиёҳро дар коинот ошкор кардааст. Маъмурияти ҷоизаи Нобел гуфт, ки нисфи ҷоизае бо арзиши умумии 10 миллион крони шведӣ ба Пенросе ва нисфи дигараш ба Гензел ва Ғез тақдим мешавад.

XS
SM
MD
LG