Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия, Фаронса ва ИМА ба хатми низоъҳо дар Қаробоғи Кӯҳӣ даъват карданд


Арманистон. Гурезаҳои ҷанг дар Қаробоғи Кӯҳӣ дар як меҳмонхонаи марзӣ паноҳ ёфтаанд
Арманистон. Гурезаҳои ҷанг дар Қаробоғи Кӯҳӣ дар як меҳмонхонаи марзӣ паноҳ ёфтаанд

Русия, Фаронса ва ИМА даъвати хатми билофосилаи оташ дар минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳиро такрор карда таъкид намуданд, ки тавсеаи хушунатҳо боиси эҷоди “таҳдиди ғайри қобили қабул” ба суботи минтақа мешавад. Вазирони хориҷаи Русия ва Фаронса - Сергей Лавров ва Жан Ив Лё Дриан ва котиби давлатии ИМА Майк Помпео изҳороти муштараки худро рӯзи 5-уми октябр, замоне, ки даргириҳои миёни нирӯҳои Арманистону Озарбойҷон дар Қаробоғи Кӯҳӣ идома дошт, нашр карданд. Русия, Фаронса ва ИМА ҳамчун кишварҳои узви Гурӯҳи Мински САҲА, ки ҳанӯз солҳои 1990 таъсис шуда буд, “тавсеаи хушунатҳои бемислу хатарнокро бо шадидтарин шева” маҳкум карданд. Вазирон таъкид карданд, ки ҳамлаҳои ахир ба макони зисти сокинони мулкӣ “ба суботи минтақа таҳдиди ғайри қобили қабул эҷод мекунад”. Дипломтаҳои баландпояи Гурӯҳи Минск инчунин аз ҷонибҳои даргир тақозо карданд, ки оташбаси “билофосилаву беқайдушарт”-ро риоя бикунанд. Айни чунин даъватҳои Гурӯҳи Минск дар таърихи 1-уми октябр сарфиназар шудааст.

XS
SM
MD
LG