Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдулҳафиз Азизов, кимиёдони шинохтаи тоҷик дар 70-солагӣ даргузашт


Абдулҳафиз Азизов
Абдулҳафиз Азизов

Абдулҳафиз Азизов, кимиёдони шинохта ва муассиси литсейи рақами 1-и шаҳри Исфара, дар 70-солагӣ даргузашт. Масрурбек Азизов, писари Абдулҳафиз Азизов, рӯзи 6-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, падараш аз бемории қанд ранҷ мебурд ва “бинобар боло рафтани қанд субҳи имрӯз аз дунё даргузаштанд”. Масрурбек Азизов афзуд, маросими видоъ ва намози ҷанозаи Азизов дар зодгоҳаш, деҳаи Сурхи Исфара, доир мешавад. Абдулҳафиз Азизов омӯзгор ва кимиёдони тоҷик аз муассисони литсейи рақами 1-и шаҳри Исфара аст. Дар ин литсей даҳҳо толибилмоне ба камол расидаанд, ки дар озмун ва олимпиадаҳои дохил ва хориҷи кишвар ҷойҳои аввалро касб кардаанд. Тайи солҳои тӯлонии фаъолияти омӯзгорӣ, Азизов ба унвонҳои Корманди шоистаи Тоҷикистон, муаллими соли 1992 ва Аълочии маориф сарфароз шудааст. Шогирдон ва ҳампешагон даргузашти Азизовро талафоти бузурге ба илм ва кори таълиму тарбия дар Тоҷикистон медонанд.

XS
SM
MD
LG