Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон қонуни додани паноҳгоҳи сиёсӣ баррасӣ мешавад


Порлумони Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.
Порлумони Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.

Палатаи қонунгузории Маҷлиси Олии Узбекистон қонуни додани ҳаққи паноҳандагии сиёсӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандиро баррасӣ мекунад.

Ба гуфтаи вакили порлумони Узбекистон Расул Кушербоев, лоиҳаи қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандӣ дар Узбекистон" 5 октябр дар қироати аввал қабул карда шуд.

Лоиҳаи қонун мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандӣ, тартиби будубош, додани ҳаққи паноҳандагии сиёсӣ, ҳуқуқи асосӣ ва озодӣ, даромаду баромад аз Узбекистон, дастрасӣ ба хадамоти давлатӣ ва масоили дигарро пешбинӣ мекунад.

Тибқи қонун, тартиб ва шартҳои додани паноҳгоҳи сиёсӣ дар Узбекистонро президенти ин кишвар муайян мекунад.

Лоиҳа дар палатаи поёнии порлумони Узбекистон дар се қироат баррасӣ шуда, дар сурати қабул шудан ба Сенат фиристода мешавад.

XS
SM
MD
LG