Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон, барои мулоқот бо раҳбарони Қатар ба Доҳа рафтааст, вале бо намояндагони Толибон дидор нахоҳад дошт. Дар ҳоле ки музокироти сулҳ байни ҳукумати Афғонистон ва ҷунбиши Толибон дар маркази Қатар ҷараён дорад.
Ашраф Ғанӣ рӯзи 5-уми октябр бо нияти сафар ба Қатару Кувайт Кобулро тарк кард. Бар асоси хабарномаи Арг, раиси ҷумҳури Афғонистон бо мансабдорони Қатар дар бораи густариши муносибат ва ҳамкориҳои байни ду кишвар суҳбат хоҳад кард.
Қарор аст, ӯ бо намояндагони ҳукумати Афғонистон, ки дар Доҳа саргарми гуфтугӯ бо Толибон ҳастанд, низ дидор кунад. Музокироти байни афғонҳо охири моҳи гузашта оғоз шуд ва ҳадафаш поён додан ба хушунатҳо ва эҳтимоли созиш барои тақсими қудрат дар Афғонистон аст.
Ба иттилои манобеи дипломатӣ, ҷонибҳо ҳанӯз ба пешрафт ноил нашудаанд.
Музокироти байни афғонҳо бахше аз созиши таърихии байни Амрико ва Толибон аст, ки рӯзи 29-уми феврали имсол имзо шуд.
Аммо хушунатҳо дар Афғонистон ҳамчунон идома доранд. Бино ба хабари расмӣ, рӯзи 5-уми октябр дар натиҷаи таркиши мошини бомбгузоришуда ба камияш ҳашт нафар ҷон бохтаанд. Ин ҳамла волии Лағмонро ҳадаф гирифта буд.