Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мутахассисон "инқилоб"-и Русияро ба зидди коронавирус зери шубҳа гузоштанд


Маскав, моҳи июни 2020

Дар Русия барои муолиҷаи бемории коронавируси нав се навъи доруро ба фурӯш гузоштаанд. Мутахассисони рус иддао доранд, ки "Арепливир", "Коронавир" ва "Авифавир" ба табобати мубталоён ба КОВИД-19 ёрӣ мекунанд, вале пизишкони дигар мегӯянд, ки баъзе аз доруҳо аз санҷиш нагузаштаанд.

Ҳамакнун ин доруҳоро на танҳо дар бемористон, балки аз дорухонаҳо ҳам дастрас кардан мумкин аст. Ҳар қуттии онро ба 12 ҳазор рубл (160 доллар) мефурӯшанд. "Вақте ин дору набуд, мардум аз беморӣ мефавтиданд. Ҳамчун пизишк мегӯям, ки ҳоло ин доруро дорем ва маргу мир бас мешавад. Ин дору бевосита ба зидди вирус аст", – гуфт раиси Шӯрои мудирони ширкати дорусозии "Промомед" дар Русия.

Хабарнигорони телевизиони "Настояшее Время", як бахши Радиои Озодӣ аз донишмандону пизишкони дигар пурсиданд, ки оё дар воқеъ чунин аст?

"Фавипиравир" чӣ аст?

Таркиби доруи ширкати "Промомед" ва ду доруи дигар аз фавипиравир иборат аст. Ин маводро соли 2012 дар Ҷопон бо номи "Авиган" сабт кардаанд ва он барои муолиҷаи грипп ё зуком пешбинӣ шудааст.

Михаил Мирер, пизишки як бемористон дар Ню-Йорк ба хабарнигорони “Настояшее Время” гуфт, ин дору аслан дар амал барои табобати беморони зуком таҷриба нашудааст. Ба гуфтаи Мирер, “дар Амрико фавипиравирро ҳамон замон мавриди пажӯҳиш ва озмоиш қарор доданд ва ин мавод аз санҷиш нагузашт”.

Ҳоло дар Ҷопон марҳилаи саввуми озмоиши ин мавод, чун як доруе ба зидди COVID-19, ҷараён дорад. Ширкати "Авиган" мегӯяд, натиҷаҳо умедворкунандаанд. Барои мисол, ба гуфтаи масъулони ширкат, онҳое, ки доруи “Авиган” истифода кардаанд, тақрибан пас аз 9 ё 11 рӯз худро беҳтар эҳсос кардаанд.

Пажӯҳиш танҳо гурӯҳи беморони нисбатан сабукро фаро гирифтааст ва ширкати истеҳсолкунандаи дору ҳам ба фарқ аз мутахассисон дар Русия нагуфтааст, ки дору метавонад беморонро аз марг наҷот диҳад.

Истеҳсолкунандаи ҷопонии доруи мазкур ҳамоно ба санҷиши дору идома медиҳад ва дар ин кишвар “Авиган” чун як доруи зидди коронавирус ҳанӯз расман сабт нашудааст.

Дар Русия ин дору чӣ тавр озмоиш шуд?

Иля Ясний, раҳбари гурӯҳи ташхисии Inbio Ventures, мегӯяд, дар Русия ду озмоиш анҷом шуд: "Ин озмоишҳоро дар як гурӯҳи начандон калони одамон гузарониданд. Тақрибан 60-80 нафар дар озмоиш ширкат карданд”.

Дар бораи "Авифавир" ва "Коронавир" доруҳои тавлидотии ширкати "Ҳимрар" ва "Р-Фарм" чандин маводу пажӯҳиши илмӣ нашр шудаанд. Ду гирифтори коронавирус, ки дар санҷиши ширкати "Химрар" иштирок намуданд, фавтиданд. Дар бораи озмоиши ширкати "Р-Фарм" дар маҷаллаи "Медицинский оппонент", ки дар ҷамъияти табибон чандон шинохта нест, мавод нашр шуд.

Ба гуфтаи Иля Ясний, пажӯҳиш маълум кардааст, ки истифодаи доруҳо аз маводи фавипиравир таҳияшуда, барои занони ҳомила ва онҳое, ки ба навзодонашон шир медиҳанд, манъ аст. “Ошкор шудааст, ки мавод барои инкишофи ҷанин ва тифлони ширмак зараровар аст. Маълумоте, ки ҳоло дастрасанд, барои баровардани хулосаи зарурӣ дар бораи зарару хатар ва фоидаи ин дору кофӣ нестанд”, -- афзуд ӯ.

Ин коршинос меафзояд, “дар кадом асос Вазорати тандурустӣ дар кишвар доруеро ба қайд мегирад, мо намедонем. Бо вуҷуди он, ки вазорат тибқи қонун муваззаф аст, хулосаи коршиносонро пас аз 5 рӯзи дастрас шудани он дар сомонаи худ нашр кунад, ҳеч гоҳ ин корро намекунад ва бо ин қонунро вайрон мекунад.”

"Агар ҳолати бемор вазнин бошад, ин дору фоида надорад"

Константин Чумаков, мушовири Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ оид ба масоили ваксинаҳо, ки дар Амрико ба ҳайси вирусолог фаъолият дорад, дар суҳбат бо “Настояшее Время” гуфт, ваъдаи наҷот додани русиягиҳо аз коронавирус бо истифода аз доруҳое, ки дар таркибашон фавипиравир доранд, “ин бевосита ба гумроҳӣ бурдани одамон аст”.

Ӯ дар шарҳи гуфтаҳояш афзуд: “Самарбахшии доруҳои зидди коронавирус муътадил аст. Гузашта аз ин, онҳо хеле заҳролуд ҳастанд. Вақте марҳилаи вазнини беморӣ оғоз меёбад, вирус нест мешавад. Бинобар ин, ин дору ба бемороне, ки ҳолати вазнин доранд, ё илтиҳоби шуш шудаанд, аслан фоида надорад".

Вирусолог Чумаков ҳам чун коршиносон аз Русия, дар доираи маҳдуд анҷом шудани озмоиши доруҳоро интиқод мекунад. "Бояд тавоноӣ ё самарбахшии доруҳо санҷида мешуд. Ин корро онҳо накарданд. Маълум шуд, ки аз миёни 50 нафаре, ки дар ин озмоиш фаро гирифта шудаанд, ду кас фавтид. Онҳое, ки бо ин дору табобат нашуданд, зинда монданд. Ба назарам, ҳамин далел аз бесамар будани дору дарак медиҳад. Бояд озмоиш бо фарогирии садҳо ва ҳатто ҳазорҳо нафари бемор дар маҳилаҳои гуногуни беморӣ анҷом мешуд.”

Дар баробари Русия, Чину Арабистони Саудӣ ва Ҳиндустон ҳам ба фавипиравир барои муолиҷаи беморони COVID-19 таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Дар Ҳиндустон истифодаи ин доруро барои табобати беморони коронавируси сабук ва миёна иҷоза додаанд.

"Аксари одамон ба навъи нисбатан сабуки беморӣ гирифтор мешаванд, бинобар ин, мушкил аст гуфтан, ки онҳо маҳз баъди истифодаи ин дору шифо ёфтаанд ё бидуни истифодаи даво", – мегӯяд табиб Михаил Мирер.

Хеле гарон ва бидуни дорухат ё тавсияи духтур

Дар Ҳиндустон доруҳое, ки аз фавипиравир омода шудаанд, дар муқоиса бо Русия чанд баробар арзон фурӯхта мешаванд. Дар он ҷо як дона дору 1 доллар арзиш дорад, дар ҳоле ки дар Русия ба 4 доллар баробар аст.

Иля Ясний, раҳбари гурӯҳи ташхисии Inbio Ventures мегӯяд, "нархи ин дору хеле арзон аст. Табиист, ки бояд як шабакаи истеҳсолӣ таъсис диҳед, аммо дар маҷмуъ арзиши он бояд мисли нархи Аспирин, ки дар дорухонаҳо фурӯхта мешавад, бошад. Дусад рубл барои як бастаи он нархи мувофиқ аст."

Ҳоло барои табобати амбулаторӣ ё хонагӣ, як бастаи доруи "Арепливир", "Коронавир" ва "Авифавир" дар Русия бо нархи 12 ҳазор рубл ё 160 доллар фурӯхта мешавад, ки қариб ба пули нафақаи миёна дар ин кишвар баробар аст. Барои як давраи табобат 3 бастаи чунин дору лозим будааст.

Тавлидкунандагони доруҳое, ки барои табобати коронавирус пешбинӣ шудаанд, ваъда додаанд, ки доруи онҳо танҳо дар асоси тавсиянома ё дорухати табибон дастрас мешавад. Аммо ба хабарнигор дар яке аз дорухонаҳои Маскав, бе дорухат ҳам дору пешниҳод кардаанд.

Духтурон мегӯянд, ки худмуолиҷа бо доруҳое, ки ҳанӯз пурра санҷиш нашудаанд, хатарзо аст. Барои мисол, онро метавонад зане истифода барад, ки ҳомила аст ва пайомадаш нохуб хоҳад буд.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG