Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргириҳои Қарабоғ. Ҷонибҳо шаҳрҳои калони минтақаро бамборон карданд


Шаҳри Степанакерт -- маркази маъмурии Қарабоғи Кӯҳӣ. 4 октябр, 2020.

Даргириҳои низомӣ миёни Озарбойҷон ва Арманистон шадидтар шудааст ва рӯзи якшанбе ду кишвар шаҳрҳои калони минтақаи мавриди муноқишаро бамборон кардаанд.

Вазорати дифои Арманистон эълон кард, ки шаҳри Степанакерт, ки аз рӯзи ҷумъа ба ин тараф зери бамборон буд, рӯзи якшанбе низ борҳо ҳадаф қарор гирифт. Вазорати дифои Озарбойҷон ҳам хабар дод, ки Арманистон шаҳри Ганҷаро, ки дар ғарби ин кишвар қарор дорад, бамборон кардааст.

Бо густариши хушунатҳо пас аз як ҳафтаи даргирӣ, ҳар ду тараф якдигарро барои ҳамла ба минтақаҳои ғайринизомӣ муттаҳам кардаанд.

Вазорати умури хориҷии Арманистон мегӯяд, Степанакерт ва шаҳрҳои дигар бамборон шудаанд ва нерӯҳои озарбойҷонӣ "қасдан ғайринизомиёнро ҳадаф қарор додаанд".

Бар асоси гузоришҳо, дар ин ҳамлаҳо дар шаҳри Степанакерт як нафар кушта шудаааст. Дар шаҳри таърихии Шуши ҳам як нафар ҷон бохтааст.

Озарбойҷон ҳам мегӯяд, ки дар ҳамла ба шаҳри Ганҷа ҳади ақал як нафар кушта ва чанд нафари дигар маҷруҳ шудаанд.

Арманистон ва Озарбойҷон то ба ҳол дархостҳои байналмилалӣ барои оташбасро напазируфтаанд. Ду тараф иддао мекунанд, ки пирӯзиҳо ба даст овардаанд ва ба тарафи муқобил зарбаҳои вазнине задаанд.

Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон рӯзи якшанбе шартҳоеро барои поёни ҷанг матраҳ кард, ки қабул кардани он аз сӯи Арманистон ғайримумкин ба назар мерасад.

Оқои Алиев гуфт, ки нерӯҳои арманӣ "бояд сарзаминҳои моро тарк кунанд, на дар сухан, балки дар амал". Ӯ ҳамчунин гуфт, Арманистон бояд дар як муддати муайян нерӯҳои худро аз минтақа хориҷ кунад. Арманистон аммо ин дархостҳоро рад кард.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Арманистон дар ин бора ба хабаргузории "Франс-пресс" гуфтааст, "шарт гузошта қобили қабул нест. Алиев бояд ба ҷои истифода аз зӯр, ба гуфтугӯ рӯ биоварад".

Чанд соат пеш аз ин Илҳом Алиев эълом карда буд, ки артиши Озарбойҷон муваффақ шудааст контроли шаҳри Ҷибриил дар ҷануби Қарабоғ, чандин деҳаи он минтақаро дар ихтиёр бигирад. Арманистон ин иддаоро рад кардааст.

Мақомоти ду кишвар гузориш додаанд, ки аз оғози даргириҳо то кунун 250 нафар, аз ҷумла 42 ғайринизомӣ кушта шудаанд.

Неруҳои Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон борҳо бар сари минтақаи Қаробоғи Кӯҳи бо ҳам даргир шудаанд. Задухӯрдҳои ахир шадидтарин даргирӣ дар солҳои ахир гуфта мешавад.

Ду кишвар аз солҳо ба ин тараф бар сари минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ бо ҳам ихтилоф доранд. Ин минтақа, ки аксарияти аҳолиаш арманиҳо мебошанд, бахше аз хоки Озарбойҷон аст ва аз замони поёни ҷанг дар соли 1994 дар назорати Арманистон қарор дорад. Ду тараф ҳамон сол созишномаи оташбас имзо карданд, аммо ин паймон низ ба ихтилофи ду кишвар поён надод.

Бо ин, ки аз оғози ин бӯҳрон 32 сол мегузарад, муноқиша ҳамчунон идома дорад ва ҳудуди 30 ҳазор нафар дар ин муддат кушта шудаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG