Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия гуфтааст, узви Гуруҳи 24 "худаш ба Душанбе рафт"


Шобуддин Бадалов ҳангоми сафари раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба зидди ӯ эътироз карда буд.
Шобуддин Бадалов ҳангоми сафари раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба зидди ӯ эътироз карда буд.

Намояндагони як гуруҳи мухолифи давлати Тоҷикистон мегӯянд, Вазорати умури дохилии Русия дар як посухи расмӣ ба онҳо гуфтааст, ки Шобуддин Бадалов, як узви нопадидшудаи созмон «худаш ба Тоҷикистон рафтааст.» Дилшод Шарифов, масъули бахши иттилооти “Гуруҳи 24” рӯзи 4-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Вазорати корҳои дохилии Русия дар посухи катбӣ ба номаи вакили мудофеи онҳо доир ба сарнавишти номаълуми Шобуддин Бадалов посух дода гуфтааст, ки Бадалов рӯзи 1- уми сентябр аз фурудгоҳи Домодедово ба Тоҷикистон парвоз кардааст.

"Гуруҳи 24" қаблан гуфта буд, ки ба иттилои дарёфтии онҳо Бадаловро маъмурони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон боздошт карда ва шоми 1-уми сентябр ба Душанбе бурдаанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошт ва ё истирдоди Бадалов аз Маскав ба Душанбе изҳори бехабарӣ кардаааст. Дар посухи Вазорати корҳои дохилии Русия, ки Радиои Озодӣ онро дид, гуфта мешавад, “таҳқиқи қазияи нопадид шудани Шобуддин Бадалов нишон дод, ки вай аз ҷониби ҳеҷ мақомоти қудратӣ ва ё корманди мақомоти интизомӣ боздошт нашудааст”.

Дар ин нома омадааст, ҳеҷ яке аз мақомоти интизомии Русия дар дастгир шудани Бадалов ширкат накардаанд ва “шахси мавриди ҷустуҷӯ рӯзи 1-уми сентябр аз фурудгоҳи Домодедово ба шаҳри Душанбе парвоз кардааст.” Номаи вазорат рӯзи 3 октябр дастраси “Гуруҳи 24” шудааст. Аз ин бештар дар посухи расмӣ шарҳе дода нашудааст. Намояндагони созмони “Гурӯҳи 24” хабар доданд, ки Шобуддин Бадаловро субҳи 1-уми сентябр шахсони ношинос аз хонааш дар Нижний Новгород бурдаанд.

Дилшод Шарифов мегӯяд, аз посухи вазорат маълум мешавад, ки Шобудин Бадалов дар Тоҷикистон қарор дорад, вале ихтиёрӣ ба Тоҷикистон рафтани ӯ нодуруст аст ва ӯро бо зӯр бурдаанд. Пеш аз ин моҳи июни имсол дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав Шобуддин Бадалов ва Раҳматҷони Муҳаммад пикети эътирозӣ доир карданд. Мақомоти интизомии Русия Бадаловро ба 30 рӯзи ҳабс маҳкум карда буданд.

"Гурӯҳи 24", ки соли 2012 таъсис ёфтааст, соли 2014 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон як созмони экстремистӣ ва мамнуъ эълон шуд. Дар пайи он даҳҳо нафар дар Тоҷикистону Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ бо иттиҳоми тарафдорӣ аз "Гурӯҳи 24" боздошту зиндонӣ шуданд. Ин созмонро тоҷири норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст. Худи ӯ соли 2015 дар шаҳри Истанбул кушта шуд. Ҳоло Сӯҳроби Зафар раҳбарии ин созмонро ба дӯш дорад.

XS
SM
MD
LG