Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Трамп гуфт, ҳолаш беҳтар шудааст ва ба зудӣ бозмегардад


Доналд Трамп дар видео мегӯяд, ки аҳволаш хуб аст.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ки дар як шифохонаи низомӣ дар канори Вашингтон аз COVID-19 муолиҷа мегирад, гуфт, ки “аҳволаш беҳтар” шудааст ва умедвор аст, ба зудӣ барои идомаи маъракаи интихоботиаш бармегардад.

Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 3-уми ноябр баргузор мешавад. Дар як видеои чаҳор дақиқаӣ, ки рӯзи 3-уми октябр дар Твиттер нашр шуд, Доналд Трамп гуфт, чанд рӯзи оянда барои ӯ “имтиҳони воқеӣ” хоҳад буд ва ба ҳамаи мардуми Амрико ва саросари ҷаҳон барои ҳимоят аз худаш изҳори сипос кард.

Трамп дар ин паёмаш гуфт: “Мо коронавирусро мағлуб мекунем.” Ӯ бо изҳори хушбинӣ аз муолиҷаи беморӣ афзудааст, ки “Худованд муъҷиза меофарад.”

Пештар аз ин табибонаш гуфтанд, ки Доналд Трамп “рӯҳияи фавқуллода хуб” дорад, таб накардааст ва бе мушкилӣ нафас мегирад, вале як мақоми расмии Амрико гуфт, ки ду рӯзи оянда барои Трампи 74-сола фавқуллода муҳим мешавад. Шон Конли, табиби Доналд Трамп рӯзи 3-уми октябр гуфт: “Аҳволи президент бисёр хуб аст” ва ӯ дар 24 соати гузашта таб накардааст ва ба оксиген ҳам эҳтиёҷ надошт.

Ӯ афзуд: “Гуруҳи табибон ва ман аз пешрафте, ки президент кард, фавқуллода хурсанд ҳастем.” Шон Конли нагуфт, ки Доналд Трамп кай аз Маркази Низомии Миллии Табобатӣ дар канори Вашингтон кай ҷавоб мешавад. Табибон ба суолҳои батакрори хабарнигорон, ки хостанд, доир ба мизони ҳарорати бадани раиси ҷумҳур ва эҳтиёҷи ӯ ба оксиген шарҳи бештар бигиранд, посух надоданд. Доналд Трамп рӯзи 2-уми октябр гуфт, ӯ ва ҳамсараш Меланиа Трамп ба СОVID-19 гирифтор шудаанд.

Баъди изҳороти табибон дар бораи вазъи Доналд Трамп, раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Амрико Марк Медов гуфт, ки рӯзи 2-уми октябр аломатҳои аслии ҳаётии Доналд Трамп (набз, нафас ва ҳарорат) “бисёр нигаронкунанда” буд ва 48 соати оянда барои нигоҳубини ӯ фавқуллода муҳим аст.

Ҳукумати Амрико гуфт, раиси ҷумҳур, ки доруи ремдезевир ва муолиҷаи подтанӣ мегирад, корашро аз утоқи президентӣ дар шифохона идома медиҳад. Ин утоқи махсус васоили лозим барои иҷрои корҳои раиси ҷумҳурро доштааст.

Ремдезивир, як доруи озмоишии зиддивирусӣ аст, ки шиддати беморӣ ва муддати онро камтар мекунад ва интизор меравад, Трамп 5 рӯзи дигар онро бигирад. Ӯ рӯзи 3-уми октябр ба дастаи табибону парастороне, ки нигоҳубинаш мекунад, изҳори сипос кард. Трамп дар Твиттер навишт: “Табибон, парасторон ва тамоми кормандони Маркази Тиббии Волтер Рид ва дигарон, ки аз муассисаҳои шабеҳ пайвастаанд, шигифтоваранд. Дар мубориза бо ин вабо дар 6 моҳи гузашта, пешрафти азиме сурат гирифтааст. Бо кӯмаки онҳо ман худро хуб ҳис мекунам.”

Вақте табибон аз вазъи раиси ҷумҳур гузориш медоданд, яке дигар аз шарикони Доналд Трамп, раиси собиқи иёлати Ню Ҷерси аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ Крис Кристи гуфт, коронавирус ба ӯ низ сироят кардааст. Крис Кристи ба Доналд Трамп барои омодагӣ ба мунозираи интихоботӣ дар рӯзи 29-уми сентябр кумак мекард.

Сирояти COVID-19 ба шарикони Трамп ва таъсири беморӣ ба барномаҳои ӯ

Субҳи 3-уми октябр эълон карданд, ки Рон Ҷонсон, сенатор аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ низ ба COVID-19 гирифтор шудааст. Бен Волкел, сухангӯи сенатор гуфт, ки ӯ “ҳеҷ аломати бемориро надорад ва худро сиҳат эҳсос мекунад.” Сенатори амрикоӣ бо дастури табибон то замони лозимӣ дар карантин мемонад.

Пештар аз эълони бемории Рон Ҷонсон, Том Тиллис ва Майк Ли ду сенатори дигар аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ низ аз гирифторӣ ба COVID-19 дар рӯзи 2-уми октябр хабар доданд ва гуфтанд, ки 10 рӯз дар карантин мемонанд. Тиллис ва Ли дар маросими пешбарии номзадии Кони Баррет ба узвият дар Додгоҳи Олии Амрико дар Кохи сафед ҳузур доштанд. Баъди он рӯз ба корашон дар сенат идома медоданд ва аввали ин ҳафта бо хонум Баррет мулоқот доштаанд. Чунин амалкарди онҳо нигарониҳоро барангехт, ки шояд ба дигарон сироят карда бошанд.

Натиҷаҳои озмоиши хонум Баррет дар рӯзи 2-уми октябр манфӣ будааст, ҳарчанд бино ба гузоришҳо ӯ тобистон бемориро паси сар кардааст. Ташхиси тиббии чаҳор сенатори дигар, ки дар маросими пешбарии номзадии Кони Барет ҳузур доштанд, нишон додааст, ки бемор нестанд. Ба ғайр аз Трамп ва ҳамсараш Меланиа Трамп, чанде дигар аз ҳозирони маросим, ки дар Роуз Гарден дар Кохи сафед ширкат доштанд ва аксарият ҳам бидуни ниқоби тиббӣ омада буданду фосилаи иҷтимоиро риоят намекарданд, ба СОVID-19 мубтало шудаанд.

Бемории ногаҳонии Трамп, зарбае ба маъракаи интихоботиаш аст ва дигарбора масъалаи пандемия ва амалкардҳои ӯ барои мубориза бо бемориро барҷаста мекунад. Доналд Трамп аввалҳо мегуфт, ки пандемия масъалаи зиёд бузурге нест. Коронавируси нав то кунун ба 7 миллион нафар дар Амрико сироят карда ва бештар аз 200 000 нафарро куштааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG