Дар чанд ҷумла
Боздошт, латукӯб ва аккредитатсия. Се моҳи мушкили хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Белорус
Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ рӯзи 1-уми октябр бо нашри изҳорот гуфт, рӯзноманигорони бахши белорусии Радиои Озодӣ тайи се моҳи ахир ба фишорҳои давомдор ва озору азияти шадидтарин рӯбарӯ шудаанд, ки дар давоми 30 соли фаъолияти худ дар дохили ин кишвар ба он мувоҷеҳ набудаанд.
"Хабарнигорони мо аз 25-уми июн беш аз 125 рӯзро пушти панҷараи зиндон сипарӣ мекунанд", --гуфт Александр Лукашук, мудири бахши белорусии Радиои Озодӣ.
"Дар ҷараёни бозтоби хабарии интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва беш аз 50 рӯзи эътирозҳо пас аз эълони натоиҷ, онҳо озору азият, латукӯб ва ҳабс шуданд ва парвона ё иҷозаи кории онҳо фаро хонда шуд", - афзуд ӯ.
Натиҷаҳои интихоботи 9-уми август дар Белорус эътирозҳои густурдаро дар пай дошт. Ин интихобот аз сӯи Амрико ва Аврупо бинобар тақаллуб интиқод шуд.
Дар ҷараёни эътирозҳои саросарӣ ба тарафдорӣ аз номзади мухолифон Светлана Тихоновская ва маросими савгандёдкунии Александр Лукашенко, хабарнигорони бахши белорусии Радиои Озодӣ бозтоби ҳирфаӣ аз саҳна ва ҳодисаҳо анҷом доданд ва баҳои сангин пардохтанд
Аз ҷумла, мушовири шабакаҳои иҷтимоӣ дар бахши белорусии Радиои Озодӣ Иҳар Лозис рӯзи 4-уми октябр 100-умин рӯзи худро дар ҳабси пешакӣ мегузаронад. Ӯ рӯзи 25-уми июн боздошт шуд.
Мақомот ӯро ба истифода аз канали "Телеграм" ва "омодасозӣ барои барҳам задани назми умумӣ" пеш аз раъйдиҳӣ муттаҳам мекунанд. Ҳамсараш мегӯяд, ӯ дар шароити номуносиб нигаҳдорӣ мешавад. Мақомот мулоқоти наздиконашро бо ӯ иҷозат намедиҳанд.
Аксбардори бахши белорусӣ Уладз Ҳрудзин пас аз боздошт аз сӯи мардони ношиноси ниқобпӯш қабл аз бозтоби хабарии эътирозҳои 13-уми сентябр, 11 рӯзро дар пушти панҷараҳои зиндон сипарӣ кард. Мақомот ӯро ба нақзи қонуни баргузории гирдиҳамоиҳо гунаҳкор медонанд. Дар боздоштгоҳ ӯ латукӯб шуда ва флешкорти ӯ, ки аксҳо дар он нигоҳ дошта мешуданд, мусодира карда шуд.
Ӯ дар таърихи 24-уми сентябр аз боздошт раҳо шуд, аммо ба таври қонунӣ фаъолият карда наметавонад, зеро мақомот иҷозатномаи кории ӯро фаро хонданд.
Хабарнигори дигар Антон Трафимович пас аз он, ки дар кӯча боздошт шуд, аз сӯи пулиси зидди ошӯб мавриди латукӯб қарор гирифт ва биниаш шикаст.
Александр Дунко ҳангоми пахши гузориши зинда аз эътирозҳо боздошт шуд. Тибқи гузоришҳо, ӯ борҳо аз сӯи мақомоти Белорус мавриди озору азият қарор гирифт.
Ин иқдомот дар пайи як саркӯби бесобиқа алайҳи озодии матбуот дар Белорус анҷом шудааст. Дастикам 17 хабарнигор, ки барои расонаҳои хориҷӣ кор мекунанд, ба шумули панҷ хабарнигори бахши белорусии Радиои Озодӣ рӯзи 29-уми август аз иҷозатномаи кор маҳрум шуданд. Дар оғози моҳи август панҷ хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ба далели дарёфт накардани аккредитатсия аз Белорус ихроҷ шуданд.
"Хабарнигорони мо барои кори қонунӣ дар Белорус ба аккредитатсия ниёз доранд, бидуни он онҳо дар маърази хатар ва боздошт қарор доранд", - омадааст дар изҳороти иҷрокунандаи вазифаи раиси Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Дейзи Синделар.
Хонум Синделар дар идома гуфтааст, "ин талоши возеҳ барои хомӯш кардани ахбор дуруст ва дастёбии иттилооти дуруст барои мардуми Белорус дар ин лаҳзаи ҳассоси кишварашон аст."
Вебсайти бахши белорусии Радиои Озодӣ ва низ каналҳои Телеграм, Ютуб ва Инстагарми он миллионҳо хонанда, бинанда ва шунаванда дорад.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Ҳайатҳои ИМА ва Украина гуфтугӯҳои Флоридаро "созанда" хонданд
Намояндагони Амрико ва Украина музокироти Флорида барои поён додан ба ҷанги Украинаро "самарабахш ва созанда" хонданд.
Ҳар ду тараф рӯзи 21 декабр дар як баёнияи муштарак аз ин гуфтугӯҳо истиқбол карданд, аммо ҳеч нишонаи рӯшане аз даст ёфтан ба поёни ин бӯҳрон, ки наздик ба чаҳор сол мешавад идома дорад, ироа нашуд.
Ин музокирот ба муддати се рӯз дар шаҳри Майами дар аёлати Флорида баргузор шуд ва Стиф Виткофф, намояндаи вижаи Амрико барои Ховари Миёна, мизбонии онро ба ӯҳда дошт.
Дар ҷараёни ин гуфтугӯҳо, музокиракунандагони Русия ва Украина ба таври алоҳида бо Виткофф мулоқот карданд.
Ин дидорҳо бахше аз тозатарин талошҳои идораи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико барои поён додан ба ҷанги Русия ва Украина ба шумор меравад.
Дар ҳамин ҳол, Кремл мегӯяд, ки эҳтимоли даст ёфтан ба созиши сулҳ дар ҷанги Украина дар рӯзҳои таътилоти Соли Нав андак аст.
Эмомалӣ Раҳмон ба зодгоҳи Владимир Путин сафар кардааст
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 21-уми декабр барои ширкат дар мулоқоти ғайрирасмии кишварҳои муштаракулманофеъ ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар кардааст. Дар ин бора дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ хабар дод ва гуфт, ки Сироҷиддини Мӯҳриддин ва ҳайате аз мақомоти расмии дигар ӯро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекунанд.
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба зодгоҳи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия 5 рӯз баъд аз қатли Қобилҷон Алиев, як навраси 10-солаи тоҷик дар Русия сурат мегирад, ки ҷомеаи Тоҷикистону кишварҳои Осиёи Марказиро такон дод. Қобилҷон Алиев, рӯзи 16-уми декабр, дар натиҷаи ҳамлаи як ноболиғи рус ба мактабе дар ноҳияи Одинтсово дар вилояти Маскав кушта шуд.
Ҳамлавари ноболиғ бо корд ба мактаб ворид шуда, аввал посбони мактаб ва сипас Қобилҷонро наврасро теғ задааст ва тамоми ҷараёни ҳамлаашро ҳам ба навор гирифтааст. Маълум нест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни нишаст, қатли навраси тоҷик ва мушкили нафратпароканӣ ба муҳоҷирони тоҷикро дар Русияро бо Владимир Путин дар миён мегузорад ва ё не.
Дмитрий Песков, сухангӯи раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, қарор аст, дар ҳошияи ҳамоиши сарон ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон ва Содир Ҷабборов аз Қирғизистон “Ҷоизаи Толстой” ва ё ҷоизаи сулҳи Русия дода шавад. Ба раҳбарони се кишваре, ки миллионҳо нафар аз шаҳрвандонашон дар Русия кор мекунанд ва бадрафтории маъмурони милиса ва қатли онҳо ба дасти миллатгароёни рус зуд-зуд расонаӣ мешавад.
"Мактаб бояд ҷойи амн бошад". Изҳороти ЮНИСЕФ баъди қатли навраси тоҷик
Дар пайи кушта шудани як навраси тоҷик дар мактабе дар Русия, намояндагии ЮНИСЕФ ё Бунёди кӯдакони СММ дар Тоҷикистон гуфтааст, "мактабҳо бояд ҷойи амният, омӯзиш ва рушд бошанд".
Ин созмон 19-уми декабр дар изҳороти кутоҳе ба хонавода ва наздикони Қобилҷон Алиев, навраси кушташудаи тоҷик ҳамдардӣ кардааст.
"Ҳар як кӯдак ҳуқуқ дорад дар муҳити амн, бо эҳтиром ва ғамхорӣ ба воя расад. Зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ ҷо қобили қабул нест”, - омадааст дар изҳороти Бунёди кӯдакони Созмони Милал.
Қобилҷон Алиев, навраси 10-солаи тоҷик, ки дар мактаби ба номи Успенская дар шаҳри Одинтсовои вилояти Маскав таҳсил мекард, рӯзи 16-уми декабр кушта шуд. Бо гумони қатли ин наврас, Тимофей К. боздошт шудааст. Рӯзи 18-уми декабр додгоҳ Тимофейи 15-соларо барои ду моҳ ба ҳабс гирифт.
Қатли Қобилҷон Алиев вокунишҳои зиёдеро дар дохили Тоҷикистон ва берун аз он ба миён овард.
Қонун қабул шуд. Муштариёни фолбинҳо то 4500 сомонӣ ҷарима мешаванд
Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон тағйирот ба Кодекси ҷиноиро тасвиб кард, ки бар асоси он барои рафтан ба назди фолбин ва ҷодугарҳо ҷазо таъйин мешавад.
Бар асоси қарори Маҷлиси миллӣ, минбаъд муштариёни фолбин ва ҷодугарҳо аз 50 то 60 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (3750-4500 сомонӣ) ҷарима мешаванд.
Маҳмадалӣ Ватанзода, узви Маҷлиси миллӣ гуфтааст, ҳадаф аз тасвиби ин қонун "пешгирии густариши мафкураи ифротӣ ва болоравии хурофотпарастӣ" аст.
Тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ, ки бар асоси он мизоҷони фолбинҳо ҷазо мегиранд, қаблан аз сӯи Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумон қабул шуда буд. Акнун баъди имзои ин санад аз сӯи раиси ҷумҳур, қонун иҷроӣ мешавад.
Мақомоти Тоҷикистон борҳо ба сокинон ҳушдор додаанд, ки аз рафтан ба назди фолбин ва ҷодугарҳо худдорӣ кунанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон соли гузашта хабар дода буд, ки мизоҷони фолбинҳо ба шуъбаҳои ВКД даъват шуда, номашон дар махзанҳои алоҳида бо расмҳояшон гузошта мешавад.
Қаблан ҷазо барои худи фолбинҳо низ сахтар шуда буд.
Мақомоти Тоҷикистон давоми як соли ахир маъракаи мубориза бо фолбинон ва ҷодугаронро оғоз кардаанд. Вале пайвандони бархе аз ин боздоштшудаҳо гуфтанд, хешовандони онҳо ҷодугар ё фолбин набуданд, балки танҳо дуохонӣ мекарданд.
Исроил як шаҳрванди Русияро барои ҷосусӣ дастгир кардааст
Мақомоти қудратии Исроил як шаҳрванди Русияро бо иттиҳоми ҷосусӣ барои Эрон боздошт кардаанд.
Созмони амнияти дохилии Исроил ва Вазорати дифои ин кишвар 19-уми декабр дар баёнияи муштарак аз фарди боздоштшуда Виталий Звягинтсев ном бурданд.
Ба гуфтаи мақомоти Исроил, Звягинтсев 35 сол дошта, бо раводид ё визаи корӣ ба Исроил омада буд.
Ба гуфтаи манбаъ, ин шаҳрванди Русия аввали моҳи декабри имсол бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо як маъмури амниятии Эрон дастгир шудааст.
Виталий Звягинтсев ба он муттаҳам шудааст, ки дар ивази гирифтани маблағ, аз бандар ва киштиҳо дар саросари Исроил акс гирифта ба Эрон мефиристод.
Мақомоти қудратии Исроил дар моҳҳои ахир беш аз 50 шаҳрванди ин кишварро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба фоидаи Эрон дастгир кардаанд.
Иттиҳоди Аврупо ба Украина 90 млрд. қарзи бефоиз медиҳад
Роҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо тавофуқ карданд, ки барои Украина 90 миллиард евро қарзи бефоиз ҷудо кунанд.
Антониу Кошта, раиси Шӯрои Аврупо хабар дод, ки қарз давоми солҳои 2026-2027 ба Украина дода мешавад. "Мо ин уҳдадорӣ қабул кардем ва онро иҷро мекунем", - гуфт ӯ.
Роҳбарони ИА рӯзи 19-уми декабр нахуст масъалаи додани даҳҳо миллиард евро дороиҳои Русияро ба Укрина баррасӣ карданд. Вале маҳдудиятҳои қонунӣ боис шуданд, ки баъзе кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла Белгия ба ин қарор розӣ нашаванд. Белгия, ки бахши асосии дороиҳои Русия дар онҷо нигоҳдорӣ мешаванд аз тасмими ҷавобии Маскав ва бад шудани фазои сармоягузорӣ дар Авупо нигаронӣ кард.
Русия таҳдид кардааст, ки дар сурати ба Украина додани дороиҳояш ба додгоҳ муроҷиат мекунад.
Дороиҳои Русия дар Аврупо 210 миллиард евро ҳисоб шудааст. Бештари ин маблағҳо дар ҳисоби бонкии Euroclear дар Белгия нигаҳдорӣ мешаванд.
“Хостем бо ҳавопаймо ба Душанбе равем, вале гуфтанд, билет нест”
Истгоҳи таксиҳо дар Хуҷанд, ҷое, ки мусофиронро ба Душанбе мебаранд, мисли рӯзҳои пешина серодам нест. Ронандагон мегӯянд, шояд боридани барфу фаромадани ярч ё тарма мардумро тарсондааст.
Теъдоди ками мусофироне ҳам, ки ба роҳ баромадаанд, сафари худро ба Душанбе муҳиму зарурӣ хонданд. Бархе дигар натавонистаанд, ки ба ҳавопаймо билет гиранд.
“Рости гап, хостем, ки бо ҳавопаймо равем, афсӯс гуфтанд, ки парвоз ҳам нест, билет ҳам нест. Бинобар ин, зарур шуморидем, ки аз роҳи заминӣ ба Душанбе равем,” – гуфт Садриддин Саидов, сокини Хуҷанд.
Чанд мусофир иддао карданд, ки дар чунин рӯзҳои сард нархи роҳкирои таксӣ аз Хуҷанд ба Душанбе низ гарон шудааст.
Ронандагон сабабро афзоиши харҷ дар зимистон номиданд. Чун, ба гуфтаи онҳо, бо сабаби гоҳе баста шудани роҳ маҷбуранд, ки соатҳо дар як ҷой биистанд ва барои гарм шудани мусофирон мошини худро хомӯш накунанд.
Ронанда Баҳриддин Аюбов гуфт: “Дар тобистон агар 30 литр бензин сарф шавад, ҳоло 40 литр сарф мешавад. Меистӣ, гарм мекунӣ.”
Дар ҳамин ҳол, Маркази обу ҳавосанҷӣ дар Тоҷикистон аз эҳтимоли фаромадани селу ярч дар минтақаҳои кӯҳистонӣ ҳушдор додааст. Ба иттилои ин ниҳод, эҳтимол дар рӯзҳои оянда ин вазъ идома кунад ва аз сокинон хоста шудааст, ки аз сафарҳои бидуни зарурат худдорӣ намоянд.
Ширкати IRS, масъули нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар роҳи Душанбе-Чаноқ, ки солҳо боз номи моликонаш расман эълон нашудааст, шаби 17-уми декабр аз фаромадани тарма хабар дод. Ҳоло ин ягона роҳе, ки шимоли кишварро бо пойтахт мепайвандад, боз аст, агарчӣ убуру мурур аз он мисли баҳору тобистон осон нест.
Амрико додани визаро ба ғолибони “Green Card” боздоштааст
Вазири амнияти дохилии Амрико гуфт, бо дастури президент Доналд Трамп додани раводид ё визаи “DV-1” ба ғолибони бахтозмоии “Green Card” боздошта шуд.
Кристи Ноэм 19-уми декабр дар шабакаи “Х” навишт, “бо фармони раисҷумҳур Трамп фавран ба Хадамоти шаҳрвандӣ ва муҳоҷират (USCIS) дастур медиҳам, ки “DV1”-ро боздорад, то боварӣ ҳосил шавад, ки амрикоиҳо дигар аз ин барномаи фоҷиабор осеб набинанд.”
Тасмим баъди он эълон шуд, ки Клаудио Мануэл Невес Валенте, касе, ки соли 2017 ба воситаи “DV1” ба Амрико ворид шудааст, дар Донишгоҳи Браун дар Род-Айленд тирпаронӣ кард. Дар ин ҳодиса рӯзи 13-уми декабри имсол ду кас кушта ва нуҳ нафар захмӣ шуданд.
Ҷасади Валентеи 48-соларо дертар пайдо карданд. Муфаттишон бовар доранд, ки ӯ дар қатли як донишманди ҳастаӣ низ даст дорад.
Кристи Ноэм, вазири амнияти дохилии Амрико мегӯяд, Доналд Трамп дар соли 2017 ва пас аз он ки як узви гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ё ДОИШ мошини борбарро ба рӯи одамон дар Ню-Йорк ронд ва ҳашт касро кушт, барои қатъи ин барнома мубориза бурд. Ба гуфтаи Ноэм, ин ронанда низ тавассути барномаи “DV1” ба Амрико рафтааст.
Амрико барои муҳоҷирон кишвари фурсатҳо ва ҷойи кору ояндаи хубе арзёбӣ мешавад, аз ин рӯ, аз ҳар гӯшаи дунё, аз ҷумла Тоҷикистон бо ҳар роҳе талош мекунанд, ба ин кишвар бирасанд. Аз Тоҷикистон соли гузашта наздик ба се ҳазор кас барандаи "Green Card” шуданд.
Путин дар мулоқоти солонааш бо хабарнигорон чӣ гуфт?
Владимир Путин, президенти Русия, мулоқоти солонаашро бо хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ бо тасвири пешрафти артиши Русия дар ҷабҳаи ҷанг дар Украина оғоз намуд. Вай ҳеч ишора накард, ки Кремл барои расидан ба сулҳ ба кадом созише ё гузаште омода аст.
Раҳбари Русия дар мулоқоти солонааш дар бораи қатли бераҳмонаи як навраси тоҷик дар вилояти Маскав, ки сокинони Тоҷикистон ва баъзе аз гӯшаҳои дунёро такон дод, ёде накард. Суол дар бораи ин ҳодиса аз ҷониби хабарнигори тоҷике ҳам, ки дар толор ва дар рӯ ба рӯи Путин қарор дошт, дода нашуд. Қобилҷон Алиеви даҳсола 16-уми декабр дар мактабе дар вилояти Маскав аз дасти ноблоиғи 15-солаи рус ба қатл расид. Ӯро дар ноҳияи Шаҳринав дафн карданд. Муттаҳам ба ҳабс гирифта шудааст.
Мулоқоти Владимир Путин рӯзи 19-уми декабр доир ва чанд соат мустақим дар шабакаҳои телевизионии Русия пахш шуд. Дар он Путин бори дигар такрор кард, ки кишвараш дар ҷанг бо Украина пешдастӣ дораду Маскав тамоми вазифаҳои дар наздаш гузоштаро иҷро хоҳад кард.
Ӯ ҷониби Украинаро сабабгори бунбасти музокироти сулҳ номид: "Ибтидо мувофиқ буданду ба санадҳо имзо гузоштанд. Сипас аз ҳамаи созишҳо даст кашиданд. Ҳозир ҳам аз хатми низоъ ба воситаи ташаббусҳои осоишта худро канор мекашанд."
Дар ҳар сурат, ба гуфтаи Путин, "аз тарафҳои гуногун ва аз ҷумла режими Киева баъзе ишораҳоро ба зарурати муколама мебинему эҳсос мекунем. Мехоҳам бигӯям, ки мо ҳам омода ҳастем ва мехоҳем, ки низоъ бар пояи тақозоҳое, ки дар моҳи июни соли гузашта дар Вазорати корҳои хориҷии Русия матраҳ намудаем, хотима ёбад. Яъне рафъи сабабҳои ибтидоии сар задани низоъ бояд бартараф карда шаванд."
Ин дар ҳолест, ки Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, борҳо гуфтааст, ки кишвараш барои музокироти сулҳ омодааст, вале Маскав корро кашол дода, барои поён додан ба ҷанг майле нишон намедиҳад.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, талош дорад, ки таҷовузи наздик ба чорсолаи Русияро ба хоки Украина хотима бахшад.
Иттиҳоди Аврупо чанд соат пеш аз мулоқоти Путин дар мавриди истифодаи пулҳои ҳабсшудаи Русия ба мувофиқат нарасид. Тибқи пешниҳод мебоист ин пулҳо барои иқтисоди Украина сарф мешуданд. Ба ҷойи он, Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифт, ки ба Киев қарзи боимтиёзи баробар бо 90 миллиард евро бидиҳад.
Видеоро дар инҷо бинед:
Ҳамлаи "Толибон" ба "махфигоҳ"-и ДОИШ дар Бадахшони Афғонистон
Як манбаъ дар ҳукумати "Толибон" даргирии ду шаб пеш дар вилояти Бадахшони Афғонистонро тасдиқ карда, гуфтааст, ки сарбозони онҳо бар як махфигоҳи ҷангҷӯёни ДОИШ ё гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" ҳамла карданд.
Ин манбаъ, ки нахост номаш ифшо шавад, ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, ин махфигоҳ ба касоне марбут буд, ки дар ҳамлаҳои охир бар шаҳрвандони Чин дар Тоҷикистон даст доштаанд.
Пеш аз ин, расонаҳои наздик ба "Толибон", аз ҷумла, "Ал-Мирсод" гузориш доданд, ки нерӯҳои "Толибон" шаби сешанбе амалиётеро алайҳи як махфигоҳи ДОИШ дар шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшон анҷом доданд.
Маълум нест, амалиёт талафоте дар пай доштааст ё не.
Тасдиқи хабар аз манбаъҳои дигар номумкин аст.
Дар ҳамлаҳои рӯзҳои 26 ва 30 ноябр дар ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Дарвози Тоҷикистон панҷ коргари чинӣ кушта ва панҷ тани дигар захмӣ шуданд.
Ҳукумати Тоҷикистон гуфта буд, ки ин ҳамлаҳо аз хоки Афғонистон тарҳрезӣ шудааст.
Пас аз ин ҳодиса, намояндаи Чин дар Созмони Милали Муттаҳид аз ҳукумати "Толибон" хост, то гурӯҳҳои даҳшатафкан дар Афғонистон, аз ҷумла Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ ва Таҳрики Толибони Покистонро саркӯб кунад.
Гурӯҳи "Толибон" дар пайи ҳамлаи шоми 30 ноябр ба роҳсозони чинӣ дар ҳудуди ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуфт, ду танро дар пайванд ба ин ҳодиса дар ноҳияи Моймайи Бадахшони Афғонистон боздошт кардаанд. Ин гурӯҳ иддао кардааст, ки таҳқиқот дар ин бора оғоз шудааст.
Бо гузашти наздик ба як моҳ аз ин ҳамлаҳо, то кунун ҳеч гурӯҳе масъулияти онҳоро ба дӯш нагирифтааст. "Толибон" ҳам ҳарчанд ваъда додаанд, ки ҳодисаро таҳқиқ мекунанд, то кунун аз натиҷаҳои он хабаре нашр накардаанд.
Вазири тоҷик хостааст, дар Русия амнияти мактабхонҳоро таъмин кунанд
Дар пайи вокунишҳои густурда ба қатли Қобилҷон Алиев, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳамлаи "дорои хусумати миллӣ" ба ин шаҳрванди Тоҷикистонро маҳкум кард.
Раҳим Саидзода, вазири маорифи Тоҷикистон дар нома ба ҳамтои русаш навиштааст, "содир гардидани чунин ҷинояти ниҳоят мудҳиш дар мактаб боис ба норозигӣ ва ташвиши амиқ гардида, метавонад ба ҳолати иҷтимоии кӯдакон, волидон ва омӯзгорон" таъсири бад расонад.
Ӯ аз ҷониби Русия хостааст, "барои таъмини амният ва ҳифзи ҳуқуқи хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз мансубияти миллӣ ва шаҳрвандӣ" чораҳои бештар андешанд.
Рӯзи 18-уми декабр Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон қатли навраси тоҷик Қобилҷон Алиевро дар заминаи бегонаситезӣ дар Маскав маҳкум карда, аз мақомоти Русия хост, онро одилона таҳқиқ кунанд ва ҳар касеро, ки дар ин ҷиноят нақш дошт, ба ҷавобгарӣ бикашанд.
Расонаҳои давлатӣ гузориш доданд, ки Юсуф Раҳмон, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, низ бо ҳамтои русаш Сергей Шойгу ва сафири Русия дар Душанбе қатли Қобилҷон Алиевро дар миён гузошта, гуфтааст, ин ҷинояти мудҳиш дар ҷомеа нигаронии ҷиддӣ ва вокуниши васеъ ба бор овард.
Рӯзи 17-уми декабр Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва ҳам Вазорати корҳои дохилӣ аз Русия хостанд, ки қатли навраси тоҷикистонӣ пурра ва ҳаматарафа таҳқиқ шавад.
Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия дар посухи умумӣ ба ин талаби Тоҷикистон танҳо ба хонаводаи навраси фавтида ҳамдардӣ карда гуфт, ҳодиса таҳқиқ мешавад.
Додгоҳ навраси муттаҳам ба қатли Қобилҷон Алиевро ба ҳабс гирифт
Додгоҳи минтақаи Твери вилояти Маскав рӯзи 18-уми декабр Тимофей К, навраси муттаҳам ба қатли Қобилҷон Алиевро ду моҳ ба ҳабс гирифт. Дар ин муддат бояд парвандаи Тимофейи 15-сола тафтиш шавад.
Дар санаде, ки сомонаии додгоҳ пахш кард, дида мешавад, ки алайҳи Тимофей К. бар асоси қисми 2-и моддаи 105-и Кодекси ҷиноии Русия парванда боз кардаанд. Ин банди қонун дар бораи "куштори ноболиғ бар асоси нафрат ё душмании идеологӣ, нажодӣ, миллӣ ё динӣ" аст.
Қонунгузории Русия барои ин иттиҳом аз 8 то 12 сол зиндон ё ҳабси абадро пешбинӣ мекунад.
Тимофей, хонандаи синфи 9-ум буд ва рӯзи 16-уми декабр баъд аз куштани Қобилҷон Алиеви 10-сола дар мактаб боздошт шуд. Кумитаи тафтишотии Русия хабар дод, ки ин наврас дар аввалин бозпурсӣ ба гуноҳаш иқрор шуда, гуфтааст, чанд вақти охир барои содир кардани ҷиноят омодагӣ медид.
Мақомоти Русия то ҳол нагуфтаанд, ки ангеза ё сабаби даст ба ин кор задани Тимофей чист.
Расонаҳои Русия аз қавли ҳамдарсони Тимофей навиштанд, ӯ аз як хонаводаи миёнҳол аст, бо баҳои севу чор мехонд, як соли охир аз дарсҳо мегурехт ва дар бораи миллатгароӣ гап мезад.
Қатли Қобилҷон Алиев рӯзи 16-уми декабр дар мактаби ба номи Успенская дар шаҳри Одинтсовои вилояти Маскав рӯй дод ва бисёриҳоро дар Тоҷикистон таконзада кард.
Ҷасади Қобилҷонро рӯзи 18-уми декабр ба Тоҷикистон оварда, дар канори падараш дар ноҳияи Шаҳринав дафн карданд.
Бонки осиёии Рушд барои назорати пирхяҳо ба Тоҷикистон грант медиҳад
Бонки рушди Осиё барои назорати беҳтари пиряхҳо ва пешбинии офатҳои табиӣ ба Тоҷикистон 3 миллион доллар грант ё маблағи бебозгашт медиҳад.
Ин бонк 18-уми декабр дар хабарномае навишт, маблағ аз сӯи Фонди ҷопонии рушди Осиё ҷудо мешавад.
Ко Сакамото, намояндаи доимии Бонки осиёии Рушд дар Тоҷикистон гуфтааст, "пиряхҳо ва барф барои таъмини об барои хоҷагии қишлоқ ва тавлиди барқ муҳим ҳастанд ва обшавии босуръати пиряхҳо метавонад пайомадҳои ҷиддӣ дошта бошад".
Ба гуфтаи Сакамото, дар доираи тарҳи нав мутахассисони Тоҷикистон дастгоҳ ва донишҳои нав мегиранд, ки ба онҳо кумак мекунад дар пешбинӣ ва вокуниш ба ин таҳдидҳо беҳтар амал кунанд.
Қарор аст тарҳи нав то соли 2029 ва аз сӯи Оҷонсии гидрометерология амалӣ карда шавад. Бахши асосии лоиҳа дар минтақаҳои алоҳидаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон иҷро мешавад.
Тоҷикистон, ки 93 дарсадашро куҳсор ташкил медиҳад, солҳои ахир аз обшавии босуръати пиряхҳо нигаронӣ дорад.
Расонаҳо: Як ҳайат аз Русия ба Амрико хоҳад рафт
Бино ба хабари расонаҳо, як ҳайат аз Русия барои мулоқот бо намояндагони Амрико дар мавриди хатми ҷанг дар Украина ба Майами хоҳад рафт. Дидору гуфтугӯйи ҷонибҳо рӯзи 20-21-уми декабр дар назар аст. Дар ин бора Politico ва Axios бо такя ба манбаъҳои худ гузориш доданд.
Қарор аст, Вашингтон хулосаи даври охири музокирот бо Украинаро бо намояндагони Русия дар миён гузорад.
Ҳайати Русияро Кирилл Дмитриев, фиристодаи вижаи президент Владимир Путин ва ҳайати Амрикоро Стив Виткофф, фиристодаи хос ва Ҷерад Кушнер, мушовиру домоди раисҷумҳур Доналд Трамп роҳбарӣ мекунанд.
Ҳайати Амрико нақша дорад, пеш аз мулоқот бо ҷониби Русия бо дабири Шӯрои амнияти миллӣ ва мудофиаи Украина Рустам Умаров гап занад.
Ҳеч гуна дидору гуфтугӯи намояндагони Русия ва Украина дар назар нест.
Ба маълумоти Politico, дар Кохи Сафед бовар доранд, ки Русия замонатҳои амниятии Ғарбро дар Украина ва узвияти ин кишварро дар Иттиҳоди Аврупо хоҳад пазируфт.
Яке аз замонатҳои амниятӣ эҷоди нерӯҳо ба раҳбарии Аврупо аст, ки бо иштироки кишварҳои довталаб ташкил мешавад ва "дар таъмини амнияти фазоии Украина ва ҳифозат аз роҳҳои баҳрӣ нақш хоҳад дошт".
Даври охири музокироти байни Украина ва Ғарб рӯзҳои 14-15-уми декабр дар Берлин гузашт. Гузориши расонаҳо баёнгари он аст, ки ҷонибҳо бахши аъзами ихтилофҳоро аз байн бурдаанд, вале масъалаи вогузории қаламрав ҳамчунон ҳалношуда мондааст.
Раисҷумҳур дар бораи таҳсили 12-сола дар Тоҷикистон гуфт
Раисҷумҳури Тоҷикистон дастур додааст, ки мақомот барои гузаштан ба низоми таҳсили дувоздаҳсола чора ҷӯянд.
Ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон 16-уми декабр дар паёмаш ба порлумон ироа кард.
Ӯ афзуд, ҳадаф аз гузаштан ба таҳсили дувоздаҳсола мутобиқ кардани низоми таҳсилоти Тоҷикистон ба меъёрҳои ҷаҳонӣ аст. Аммо президент аз ин бештар ҷузъиёт надод ва маълум нест, ки Тоҷикистон кай ба низоми таҳсили 12-сола мегузарад.
Мақомоти Тоҷикистон чанд бор аст гузаштан ба ин низоми таҳсилро ба таъхир мегузоранд.
Артур ван Дизен, мудири Бунёди кӯдакони Созмони Милал (ЮНИСЕФ) қаблан дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, Тоҷикистон уҳдадор шудааст, ки таҳсилот то синфи 12 боло бурда шавад.