Арманистон омодааст, даъвати Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупоро дар бораи гуфтушуниди сулҳ бипазирад. Сарони ҷомеаи байнулмилалӣ аз Арманистону Озарбойҷон хостаанд, ки ба даргирӣ дар Қаробоғи Кӯҳӣ хотима диҳанд.
Хабаргузории "Франс-Пресс" рӯзи ҷумъа гузориш дод, ки ҳукумати Арманистон пешниҳоди чанд кишварро барои миёнравӣ дар бӯҳрони бамиёномада бо Озарбойҷон истиқбол кардааст. Арманистон гуфтааст, омодааст бо миёнаравҳо ҳамкорӣ кунад.
Президентҳои Фаронса, Амрико ва Русия бо нашри изҳороти муштарак хостори поён додан ба ҷанг ва оромӣ дар минтақа шуданд.
Дар изҳорот аз раҳбарони Арманистон ва Озарбойҷон даъват кардаанд, ки "ҳарчӣ зудтар" бо миёнаравӣ ва назорати Шӯрои Минск ба гуфтугӯҳои ҷиддӣ ва бечунучаро сар кунанд. Гурӯҳи Минск ҳамчун як бахши Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) амал карда, дар бӯҳрони Қаробоғи Кӯҳӣ миёнаравӣ мекунад.
Аз саршавии даргириҳои нави ду кишвар дар рӯзи 27-уми сентябр зиёда аз 100 нафар, аз ҷумла ғайринизомиён, кушта шуданд.
Илова ба изҳороти президентҳои ИМА, Фаронса ва Русия, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба вазирони корҳои хориҷии Арманистон ва Озарбойҷон телефон карда, омодагии Маскавро барои миёнаравӣ дар бӯҳрон расонд.
Ҳукумати Озарбойҷон пештар ба дархостҳои миёнаравӣ посух надода ва даъват кардааст, ки неруҳои Арманистон аз минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ пурра бароварда шаванд ва назорати минтақа ба дасти он гузарад.