Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Амрико як ҳакери русро ба 7 сол зиндон маҳкум кард


Евгенний Никулин. Акс аз бойгонӣ. Соли 2012.
Евгенний Никулин. Акс аз бойгонӣ. Соли 2012.

Евгений Никулин, як марди рус, барои ҳамлаҳои киберӣ ба LinkedIn, DropBox ва чанд ширкати дигар ба ҳафт сол зиндон маҳкум шуд. Ин ҳукм аз сӯи як додраси додгоҳи федералӣ дар Сан-Франсиско рӯзи 29-уми сентябр эълон шуд.

Додрас гуфт, ин ҳукми 88-моҳа тақрибан чаҳор солеро, ки Никулин пушти панҷараҳои зиндон, таъсири пандемияи COVID-19, мушкили забонӣ ва системаи додгоҳиеро, ки вай бо он ошно нест, дар назар мегирад.

Додрас ҳамчунин гуфт, ки Никулин дар Русия як духтари 10-сола дорад ва модараш, мумкин аст, он қадар зинда намонад, ки ӯро дубора бубинад. Ваколатдори ӯ Валерий Нечай гуфтааст, модари Никулин дар солҳои ахир чаҳор бор амалиёти ҷарроҳии сутунмуҳраро паси сар карда, се бор сактаи мағзӣ кардааст.

Муҷозоти Никулин раванди тақрибан чаҳорсолаеро, ки бо боздошти вай дар Ҷумҳурии Чех дар октябри соли 2016 оғоз шуд, ба поён мерасонад.

Никулин тирамоҳи соли 2016 дар Ҷумҳурии Чех боздошт шуд. Амрико ӯро дар ҳамлаҳои киберӣ ба сомонаҳои ширкати LinkedIn, Dropbox ва Formspring гумонбар медонист.

Русия низ ба зидди Никулин парванда дорад, аммо сарфи назар аз дархости Маскав барои истирдод, Ҷумҳурии Чех 30-юми марти соли 2018 ӯро ба Амрико истирдод кард. Евгений Никулин худро гунаҳкор намешуморад.

XS
SM
MD
LG