Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи сеюми даргириҳо дар Қаробоғи Кӯҳӣ


Харитаи Қаробоғи Кӯҳӣ
Харитаи Қаробоғи Кӯҳӣ

Даргириҳои миёни нирӯҳои Арманистону Озарбойҷон дар қаламрави минтақаи баҳсии Қаробоғи Кӯҳӣ рӯзи сеюм – 29-уми сентябр ҳам идома дошт ва бо вуҷуди даъватҳои байналмилалӣ барои хатми ҷанг, ҳарду ҷониб ҳамдигарро дар доман задани низоъ гунаҳгор карданд. Дар ҷараёни даргириҳои ахири миёни ду ҷумҳурии Қафқози Ҷанубӣ даҳҳо нафар ҷон додааст. Вазорати дифои Озарбойҷон гуфт, ки низомиёни арманӣ минтақаи Дашкесянро ҳадаф қарор доданд, ин иттиҳомро Ереван ҳамчун “дурӯғи маҳз” рад кард. Дар изҳороти вазорати дифои Озарбойҷон гуфта шуд, ки “шаби 28 ба 29-уми сентябр дар тамоми хати ҷанг даргириҳои тунд идома дошт”. Манзури вазорат хати тамос дар марз аст, ки Арманистону Озарбойҷонро аз ҳам ҷудо мекунад. Вазорати дифои Арманистон гуфт, ки “низоъ бо шиддати гуногун идома дошт”. Қарор аст шоми 29-уми сентябр Шӯрои амнияти СММ ҷаласаи изтирориро барои баррасии ин низоъ барпо кунад, чун хатари ҷалби қудратҳои минтақавии Русияву Туркия ҳам ба миён омадааст. Дар изҳороти муштараки вазирони хориҷаи Бритониёву Канада рӯзи 28-уми сентябр аз “амалиёти васеъмиқёси низомӣ” дар Қаробоғи Кӯҳи изҳори нигаронӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG