Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафирони Тоҷикистон дар Афғонистон, Украина ва Ҳинд нав шуданд


Бинои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Бинои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон бо судури чанд фармон, сафирони Тоҷикистон дар се кишварро аз мақом барканор намуда, афроди навро ҷойгузини онҳо намудааст.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 28-уми сентябр иттилоъ дод, ки Саъдӣ Шарифӣ, Давлаталӣ Назризода ва Луқмон Бобокалонзода сафирони Тоҷикистон дар Афғонистон, Украина ва Ҳиндустон таъйин шуданд.

Ба асоси фармонҳои дигари президент, Шарофиддин Имом, Файзулло Холбобоев ва Султон Раҳимзода аз симати сафирӣ дар Афғонистон, Украина ва Ҳиндустон озод шудаанд.

Дар фармонҳо сабаби барканории Шарофиддин Имом "баромадан ба нафақа" ва аз Файзулло Холбобоев ва Султон Раҳимзода "ба кори дигар гузаштан", гуфта шудааст. То ба ҳол маълум нест, ки Файзулло Холбобоев ва Султон Раҳимзода дар кадом мақом ба фаъолияти худ идома хоҳанд дод.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин иттилоъ додааст, ки полковник Ҳасан Сатторзода сардори Раёсати разведкаи Горди миллии Тоҷикистон таъйин шудааст. Горди миллӣ ниҳоди низомие аст, ки тобеи раёсати ҷумҳурӣ мебошад ва муҳофизати иншоотҳои муҳими кишвар аз ҷумлаи масъулиятҳои он ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG