Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оилаи Пёрл бо ҳукми додгоҳи Покистон розӣ нест


Аҳмад Умар Саидшайх дар беруни додгоҳи Карочӣ. Марти соли 2020
Аҳмад Умар Саидшайх дар беруни додгоҳи Карочӣ. Марти соли 2020

Додгоҳи олии Покистон қарор аст дар мурофиаи рӯзи 28-уми сентябр шикояти оилаи журналисти соли 2002 кушташудани амрикоӣ Даниэл Пёрлро ба баррасӣ гирад. Оилаи журналисти нашрияи "Wall Street Journal” бо қарори сафед кардани марди гумонбар дар куштор розӣ нест. Моҳи апрели соли ҷорӣ додгоҳе дар Покистон ҳукми Аҳмад Умар Саидшайх, як покистонии таваллудшуда дар Бритониёро, ки барои қатли Пёрл ба мӯҳлати тӯлонии зиндон маҳкум шуд, то 7 сол коҳиш дод. Вашингтон он замон ҳукми бозбинишудаи Саидшайхро “таҳқири қурбониҳои терроризм” номид. Оилаи Пёрл дар остонаи мурофиаи додгоҳӣ гуфт, ки ҳукми додгоҳи Покистон ҷангҷӯёнро дар саросари ҷаҳон дилгарм мекунад. Пёрл 38 сол дошт ва раиси бюрои Осиёи Ҷанубии нашрияи Wall Street Journal буд. Ӯ соли 2002 дар Карочӣ, замоне, ки дар бораи ҷангҷӯёни исломӣ гузориши таҳқиқотӣ анҷом медод, рабуда шуд.

XS
SM
MD
LG