Полиси Беларус дар рӯзи 50-уми эътирозҳои мардумӣ аз пирӯз эълон шудани Александр Лукашенко дар интихобот боз садҳо нафари дигарро боздошт карданд. Барои пахши эътирозҳои рӯзи 27-уми сентябр ва ҳабси ширкатдорон полис аз гази ашковару норинҷакҳои садодор истифда карданд. Рӯзи якшанбе ба кӯчаҳои марказии шаҳри Минск тахминан 100 ҳазор нафар бо парчами сурху сафеди рамзи мухолифон рехта буд. Ин нафарон мегӯянд, ки интихоботи президентии 9-уми август тақаллуб шуд ва Лукашенко худро ғайриқонунӣ президент эълон кард. Мардум, ки бархӯрди хушунатбори полисро ба эътирозгарон маҳкум мекарданд, нидоҳои “фашист” ва “шармандагӣ”-ро ба забон меоварданд.
Дар шаҳри Ҳомел ҳам полис бо ниқоб ба рӯй ба эътирозгарон бо гази ашковару тир ба ҳаво посух дод. Ин ҷо низ садҳо эътирозгар боздошт шуд. Дар эътирозҳои шаҳри Гродно ҳам полис аз гази ашковар истифода кард. Вазорати дохилӣ гуфт, ки дар саросари кишвар “тахминан 200” эътирозгар боздошт шуд. Созмони ҳомии ҳуқуқи “Весна” гуфт, ки рӯзи якшанбе 341 нафар боздошт шуд ва ин феҳрист пайваста тағйир меёбад.