Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати беш аз 20 нафар дар даргириҳои Қаробоғи Кӯҳӣ


Қаробоғи Кӯҳӣ. 27 сентябр, 2020.

Бар асари даргириҳои рӯзи якшанбе дар Қарабоғи Кӯҳӣ 16 сарбоз ва панҷ ғайринизомӣ кушта шудаанд. Ин ҳодиса нигарониҳо аз бесуботӣ дар минтақаи Кафқози ҷанубиро афзоиш додааст.

Ба гузориши хабаргузории "Ройтерз", мақомоти Қаробоғи Кӯҳӣ рӯзи якшанбе эълом карданд, ки бар асари ҳамлаҳои ҳавоӣ ва мушакборони Озарбойҷон, 16 хизматчии ҳарбӣ кушта ва беш аз 100 нафар захмӣ шудаанд. Озарбойҷон ҳам мегӯяд, ки бар асари ҳамлаҳои ҷониби Арманистон панҷ узви як хонавода ҷон бохтаанд. Ҳам дар Арманистону Қарабоғи Кӯҳӣ ва ҳам дар Озарбойҷон ҳолати ҷангӣ эълон шудааст.

Озарбойҷон гуфтааст, ки нерӯҳои ин кишвар назорати ҳафт деҳаро ба даст гирифтаанд. Мақомоти Қаробоғи Кӯҳӣ дар оғоз инро радд карданд, аммо баъдан пазируфтанд, ки "бархе мавзеъҳо" ба дасти нерӯҳои Озарбойҷон афтодааст.

Тибқи гузоришҳо, нерӯҳои ҷудоиталаб дар Қаробоғи Кӯҳӣ субҳи якшанбеи 27-уми сентябр чаҳор чархболи низомии Озарбойҷонро дар ин минтақа сарнагун карданд. Вазорати дифои Арманистон низ аз сарнагун кардани 15 ҳавопаймои бидуни сарнишин ва ҳамчунин аз байн бурдани 10 танк дар ин минтақа хабар додааст.

Мақомҳои Қаробоғи Кӯҳӣ мегӯянд, ки нерӯҳои Озарбойҷон субҳи якшанбе пойгоҳҳои низомиро "бомбаборон" карданд. Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон низ мегӯяд, Озарбойҷон ба пойгоҳҳои низомӣ дар ин минтақаи мавриди низоъ ҳамла кардааст.

Вазорати дифои Арманистон дар баёнияе таъкид кардааст, ки "посухи мо (бо ин ҳамлаҳо) муносиб хоҳад буд ва масъулияти комили ин вазъият бар дӯши раҳбарии низомӣ-сиёсии Озарбойҷон аст".

Вазорати дифои Озарбойҷон низ эълом кардааст, ки "зидди ҳамлаеро бо ҳадафи фурӯ нишондани иқдоми ҷангталабонаи Арманистон ва таъмини амнияти сокинон дар минтақа тартиб додааст".

Озарбойҷон мегӯяд, ки "20 дарсад аз қаламраваш, аз ҷумла Қаробоғи Кӯҳӣ, ҳафт минтақаи дигар, ҳудуди 30 сол қабл аз сӯи нерӯҳои арманӣ ишғол шудааст ва ҳамаи ин сарзаминҳо бояд бозгардонида шаванд".

Бар асоси гузоришҳо, Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия рӯзи якшанбе барои миёнҷигарӣ бо вазирони умури хориҷии Арманистони Озарбойҷон ва ҳамчунин вазири корҳои дохилии Туркия телефонӣ гуфтугӯ кардааст.

Ҳамзамон Туркия хостори оташбаси фаврӣ аз сӯи нерӯҳои арманӣ шуда ва Арманистонро сабабгори "оташафрӯзӣ дар минтақа" хондааст. Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия дар сафҳаи "Твиттер"-и худ навиштааст, ки Анқара ба ҳимояти худ аз Озарбойҷон идома медиҳад.

Неруҳои Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон борҳо бар сари минтақаи Қаробоғи Кӯҳи бо ҳам даргир шудаанд. Задухӯрдҳои марзии чанд моҳи ахир шадидтарин даргирӣ аз соли 2016 ба ин тараф гуфта мешавад.

Ду кишвар аз солҳо ба ин тараф бар сари минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ бо ҳам ихтилоф доранд. Ин минтақа, ки аксарияти аҳолиаш арманиҳо мебошанд, бахше аз хоки Озарбойҷон аст ва аз замони поёни ҷанг дар соли 1994 дар назорати Арманистон қарор дорад. Ду тараф ҳамон сол созишномаи оташбас имзо карданд, амо ин паймон низ ба ихтилофи ду кишвар поён надод.

Амрико, Русия, Иттиҳоди Аврупо ва Туркия борҳо хостори хештандории ду тараф шудаанд. Бо ин ҳол, талошҳои байналмилалӣ барои поён додан ба ин буҳрон то ба ҳол бенатиҷа мондааст. Бо ин, ки ин оғози ин бӯҳрон 32 сол мегузарад, муноқиша ҳамчунон идома дорад ва ҳудуди 30 ҳазор нафар дар ин муддат кушта шудаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG