Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ба ИМА табодули "замонати адами мудохила ба умури ҳамдигарӣ"-ро пешниҳод кард


Президенти Русия Владимир Путин
Президенти Русия Владимир Путин

Владимир Путин, президенти Русия ба ИМА пешниҳоди табодули “замонати адами мудохила ба умури якдигарӣ, аз ҷумла ба ҷараёнҳои интихоботӣ”-ро кардааст. Изҳороти мазкур рӯзи 25-уми сентябр дар вебсайти Кремлин нашр шуд ва матни онро тавассути видео вазири хориҷа Сергей Лавров қироат кард. Дар меҳвари изҳороти Путин – пешниҳоди ташкили барномаи барқарор кардани робитаҳои Русия ва ИМА дар бахши амнияти иттиллоти байналмилалӣ мебошад. Лавров дар қироати ин санад гуфт:

“Яке аз чолишҳои стратегии замони имрӯз – хатари пеш омадани ихтилофҳои азим дар бахши рақамӣ мебошад. Масъулияти муҳими пешгирии он ба дӯши бозигарони калидӣ дар бахши амнияти байналмилалии иттилоотӣ аст. Дар ин замина мехостем бори дигар ба ИМА муроҷиат карда пешниҳоди тасдиқи барномаи ҳамаҷонибаи тадбирҳои амалии бозбинии равобити мо дар бахши истифода аз фанновариҳои байналмилалии рақамиро бикунем”.

Ҳанӯз вокуниши ИМА ба ин даъват маълум нест. Путин пешниҳод кардааст, ки хати иртиботи миёни Маскаву Вашингтон “дар заминаи кори марказҳои коҳиши таҳдидҳои атомӣ, гурӯҳҳои вокуниши сареъ ба ҳодисаҳои компютерӣ” ба роҳ монда шавад. Инчунин пешниҳод кардааст, ки созишномаи дуҷонибаи байнидавлатӣ дар заминаи пешгирӣ аз ҳодисаҳо дар фазои иттилоотӣ имзо шавад.

ИМА борҳо Русияро дар фаъолияти харобкорона дар бахши фанновариҳои компютерӣ гунаҳгор кардааст. Ин харобкориҳо аз ҳамлаҳои рақамӣ ба сохторҳои бунёдии Украинаву Гурҷистон, худи ИМА ва созмонҳои байналмилалӣ иборат будааст. Масалан, дар ИМА ҳамлаи интернетӣ ба сервери ҳизби демократӣ дар соли 2016-ро ҳамчун кори рахнагарони марбут ба Русия меноманд. Инчунин Русияро дар роҳандозии таблиғоти сартосарии интернетӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ташкили “фабрикаи ҷавоб” ва нашри хабарҳои дурӯғини зиддиамрикоӣ гунаҳгор мекунанд. Дар миёни сохторҳое, ки эҳтимолан дар ин корҳо гумонбар мешаванд, сарраёсати ситоди кул ва ба истилоҳ оҷонсии таҳқиқоти интернетии марбут ба соҳибкор Евгений Пригожин ном бурда мешаванд. Яке аз иттиҳомоти ҷиддии солҳои охир – дахолати Русия ба интихоботи ИМА мебошад. Дар навбати худ, Русия ҳам ИМА-ро дар мудохила ба интихобот аз роҳи нашри матолиби интиқодӣ дар матбуоти амрикоӣ гунаҳгор мекунад.

XS
SM
MD
LG