Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо Лукашенкоро ҳамчун президенти нави Белорус ба расмият намешиносад


Маросими савгандёдкунии Лукашенко. 23 сентябр, 2020.

Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо рӯзи панҷшанбеи 24-уми сентябр бори таъкид кард, ки ин иттиҳод Александр Лукашенкоро ҳамчун президенти нави Белорус ба расмият намешиносад. Оқои Лукашено рӯзи чаҳоршанбе дар як маросими махфиёна ва ногаҳонӣ ба унвони раиси ҷумҳури нави Белорус савганд ёд кард.

Пас аз нашри хабари баргузории ин маросим, гирдиҳамоии густурда дар шаҳри Минск баргузор шуд ва раҳбарони мухолифони Белорус савганд ёд кардани Лукашенкоро як амали "тақаллубӣ ва ғайриқонунӣ" хонданд ва онро маҳкум карданд.

Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар баёнияе эълом кард, "савганд ёд кардани Лукашенко бо иродаи бахши калоне аз мардуми Белорус, ки дар эътирозҳои сулҳомез талабу дархостҳои худро баён карданд, дар мухолифат қарор дорад. Баргузории маросими савгандёдкунӣ дар ин шароит фақат боиси амиқтар шудани буҳрони сиёсӣ дар он кишвар хоҳад шуд".

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар идомаи баёния гуфтааст, "мавзеи Иттиҳоди Аврупо комилан рӯшан аст, мардуми Белорус ҳаққ доранд раҳбарон ва намояндагони сиёсии худро дар як интихоботи озод, одилона ва фарогиру шаффоф интихоб кунанд".

Нерӯҳои пулиси Белорус рӯзи чаҳоршанбе эътирозгаронро бо мошинҳои обпош пароканда карданд ва рӯзи панҷшанбе Вазорати умури дохилии Белорус эълон кард, ки ҳадди ақал 364 нфар дар Минс ва шаҳрҳои дигар боздошт шудаанд.

Ҷозеп Боррел афзуд, "шаҳомати эътирозгарон, ки ба шакли сулҳомез барои демократия ва ҳуқуқи асосии шаҳрвандӣ ба майдонҳо рехтанд, то дар баробари саркӯби ҳукумат истодагарӣ кунанд, моро таҳти таъсир қарор додааст. Мо ҳамбастагии худро бо онҳо эълом намуда, аз хостаҳои онҳо барои як интихоботи озод ва одилона ҳимоят мекунем".

Манбаъҳои дипломатӣ ба хабаргузории "Франс-пресс" гуфтаанд, Иттиҳоди Аврупо дар ҳоли омода кардани таҳримҳо алайҳи 40 нафар аз мақомоти ҳукумати Белорус аст, ки дар саркӯби эътирозгарон даст доранд ва эҳтимол таҳрими Александр Лукашенкоро низ баррасӣ мекунанд.

Барои ҷорӣ кардани таҳримҳо, розигии ҳама кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо зарурӣ мебошад. Ҳукумати Қибрис шарт гузоштааст, ки танҳо дар ҳолати фишор ба Туркия барои қатъ кардани корҳои иктишофи газ дар баҳри Миёназамин, аз таҳримҳо алайҳи Белорус пуштибонӣ мекунад.

Манбаъҳои дипломатӣ ба хабаргузории "Франс-пресс" гуфтаанд, ки Швейтсия ва Финландия дар ҳоли ҳозир бо таҳрими Лукашенко розӣ мувофиқ нестанд ва ба ин бовар мебошанд, ки дар қадами аввал бояд шароити лозимро барои миёнҷигарии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар буҳрони Белорусро фароҳам кард.

Таҳрими Белорус дар нишасти ояндаи сарони Иттиҳоди Аврупо аввалҳои моҳи оянда дар шаҳри Бруссел баррасӣ хоҳад шуд.

Интихоботи президентии Белорус рӯзи 9-уми августи имсол баргузор шуд. Кумисюни марказии интихобот гуфт, Лукашенко беш аз 80 дарсади раъйи мардумро ба даст овард ва намояндаи мухолифон Светлана Тихановскаяро шикаст дод.

Мухолифон ва мардуми норозӣ натиҷаҳои интихоботро напазируфтанд ва аз он замон то кунун эътирозҳо дар Минск ва шаҳрҳои дигари Белорус идома дорад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG