Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи чаҳоршанбе аз раъй додан тариқи пост ё почта интиқод карда, пешбинӣ намуд, ки эҳтимолан Додгоҳи олии Амрико дар бораи натиҷаи интихоботи президентии моҳи ноябр тасмим хоҳад гирифт.
Раиси ҷумҳури Амрико дар суханронии худ дар Кохи Сафед изҳор дошт, ки раъй додан аз тариқи почта дар интихоботи дар пешистодаи Амрико дар даврони паҳншавии коронавирус, боиси "тақаллуб"-и густурда мешавад.
Доналд Трамп дар ин нишасти хабарӣ гуфт, "хуб, бояд бубинем чӣ мешавад, худатон инро медонед". Хабаргузории "Ройтерз" мегӯяд, ки раиси ҷумҳури Амрико ҷузъиёт ва низ далеле дар бораи сар задани тақаллуб дар раъй додан аз тариқи почта ироа накард.
Раиси ҷумҳури Амрико дар идома дар бораи натиҷаҳои интихоботи президентии он кишвар гуфт, "фикр мекунам ба Додгоҳи олӣ кашида мешавад, фикр ба ҳамин хотир мекунам муҳим аст, ки 9 додрас дар Додгоҳи олии Амрико дошта бошем".
Пас аз даргузашти Рус Бадер Гинсбург, додраси Додгоҳи олии Амрико дар аввалҳои ҳафтаи ҷорӣ, ҳамакнун шумораи додрасҳои Додгоҳи олии Амрико ҳашт нафар аст. Доналд Трамп эълон кардааст, ки рӯзи шанбе як занро барои ин мақом муаррифӣ хоҳад кард.
Раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, дар сурати сар задани ихтилоф бар сари натиҷаҳои интихоботи президентии моҳи ноябр, шумораи додрасҳои Додгоҳи олӣ ҳашт нафар хоҳад буд ва мумкин тасмимгирӣ дар ин ниҳоди бисёр муҳим, бо тақсими орои чаҳор бар чаҳор, бо бунбаст рӯбарӯ шавад.
Интихоботи президентии Амрико рӯзи севуми ноябр баргузор мешавад. Дар ин интихобот Ҷо Байден, номзад аз Ҳизби демократ бо Доналд Трамп рақобат хоҳад кард.
Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико дар соли 2000 рақобат байни Ҷорҷ W Буш, номзади ҷумҳурихоҳ ва Ал Гор, номзади демократ, бисёр наздик буд. Натиҷаи интихобот дар иёлати Флорида барои ин интихобот ҳалкунанда буд ва орои ду номзад дар ин иёлат фарқи зиёде надошт. Дар ниҳоят Додгоҳи олии Амрико бо ворид шудан ба ин қазия, барандаи интихоботро муайян кард.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!