Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз донишҷӯёни тоҷик забонхат гирифтаанд, ки ниқоби тиббӣ пӯшанд, вагарна “муҷозот” мешаванд


Дар баъзе аз донишгоҳҳои Тоҷикистон аз донишҷӯён баёнот гирифтаанд, ки дар дохилу беруни мактаби олӣ ниқоби тиббӣ бипӯшанд ва фосилаи ҷисмониро риоя кунанд, вагарна ҷазо хоҳанд гирифт.

Донишҷӯён аз он нигаронанд, ки гирифтани баёноту имзо барояшон дардисари наве эҷод хоҳад кард. Масъулони донишгоҳҳо мегӯянд, ин кор аз ночорӣ аст, чун на ҳамаи донишҷӯён қоидаҳои беҳдоштиро риоя мекунанд.

ДОНИШҶӮЁН ВАЗИФАДОР ШУДААНД, КИ...

Як гуруҳ аз муҳассилони Донишгоҳи миллӣ ва Донишгоҳи кишоварзӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳафтаи гузашта аз онҳо имзо ва баёнот гирифтаанд, ки дар сурати напӯшидани ниқоби муҳофизатӣ ҷазо мегиранд.

Ба қавли донишҷӯён, онҳо дар дохили донишгоҳ ва берун аз он ҳатман ниқоби муҳофизатӣ бояд дошта бошанд. Инчунин, ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо, донишҷӯён муваззаф ҳастанд, ки қоидаи дурӣ аз якдигар (ду метр)-ро риоя кунанд.

Донишҷӯён бо шарти зикр нашудани номашон гуфтанд, ба онҳо ҳушдор додаанд, ки дар ҳолати риоя накардани қоидаҳо ҷазо мегиранд ва ин ҳатто метавонад ба хориҷ шудан аз донишгоҳ сабаб шавад.

“МАСЪАЛАИ ХОРИҶ ДАР МИЁН НЕСТ”

Қобилҷон Хушватзода, раиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, тасдиқ кард, ки бо шарти риоя кардани қоидаҳои беҳдоштӣ аз донишҷӯён имзо гирифтаанд, аммо ихроҷи донишҷӯён барои ин кор дар назар нест. Хушватзода 22-юми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ҳадаф танҳо огоҳ кардан аст, масъалаи хориҷ кардан дар миён нест. Ин тартиб муваққатӣ аст, то вақте ки ҳама чиз ба ҳолати пешина баргардад.”

Раиси Донишгоҳи миллӣ аз ин бештар суҳбат накард, аммо як масъули дигари донишгоҳ бе зикри номаш гуфт, ки бархе аз донишҷӯён қоидаҳои беҳдоштиро риоя намекунанд.

“Ҳамин қадар гуфтем, аммо донишҷӯён пӯшидани ниқоби тиббиро риоя намекунанд. Дар дохили синф мепӯшанд, аммо чун ба берун мебароянд, боз ниқобро мегиранд. Баъзеи онҳо бемориро бе нишона мегузаронанд, аммо метавонанд онро ба дигарон паҳн кунанд. Ба ин хотир донишҷӯён имзо гузоштанд, ки гигиенаи шахсиро риоя мекунем ва ниқоби муҳофизатиро дар кӯчаву ҷойҳои ҷамъиятӣ мепӯшем”, -- шарҳ дод ин масъули Донишгоҳи миллӣ.

“АВВАЛ БАЁНОТ, БАЪД ЧОРАИ ДИГАР”

Дар Донишгоҳи кишоварзӣ ё аграрӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, онҳо низ аз донишҷӯён баёнот гирифтаанд, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанд.

Манучеҳр Мирафшозода, як масъули Донишгоҳи аграрӣ гуфт, дар сурати напӯшидани ниқоб аввал баёнот мегиранд ва агар боз ҳам ин ҳолат такрор шуд, нисбат ба донишҷӯ “чора меандешанд”, вале нагуфт, чи чора.

Масъули Донишгоҳи аграрӣ афзуд, “дарсҳо низ бо риояи фосилаи иҷтимоӣ мегузаранд. Аввал дар як миз ду нафар менишаст, мо ба роҳ мондем, ки як миз пас донишҷӯён менишинанд ва инро риоя мекунанд.”

Донишгоҳҳои Тоҷикистон дар баробари бозор ва нақлиёти ҷамъиятӣ яке аз маконҳои асосии таҷаммуъ ҳастанд, ки ба гуфтаи мутахассисон хатари паҳншавии бемории COVID-19-ро бештар мекунад. Бар асоси дастури Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои таълимӣ дар шароити пандемия бояд фосилаи иҷтимоиро дар донишгоҳҳо риоя кунанд ва дарсҳо вобаста ба имконот дар се баст гузарад.

Бархе аз донишҷӯён гуфтанд, чунин муқаррарот на дар ҳама донишгоҳҳо риоя мешавад. Чандин донишҷӯ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳарчанд пӯшидани ниқоб назорат мешавад, онҳо мисли пештара паҳлӯи ҳам нишаставу дарс мехонанд.

РОҲИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛА КАДОМ АСТ?

Дар Тоҷикистон пӯшидани ниқоби тиббӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатмӣ аст ва барои напӯшидани он ҷарима таъин шудааст. Сокинон мегӯянд, ҷарима барои надоштани ниқоби тиббӣ ба як расмиёт табдил ёфтааст, вагарна кам касон дар Тоҷикистон онро риоя мекунанд.

Мақомоти Тоҷикистон охири моҳи апрели имсол мавҷудияти коронавирусро дар кишвар эътироф карданд ва мактабу донишгоҳҳоро ба таътил фиристоданд. Рӯзи 17-уми август дарс дар муассисаҳои таълимӣ дубора шуруъ шуд. Пешниҳодҳое ҳам буд, ки барои кам кардани хатари паҳншавии COVID-19 дарсҳо фосилавӣ ё онлайн баргузор шаванд, аммо суръати пасти интернет ва дастрасӣ надоштани ҳамаи сокинон ба шабакаи ҷаҳонӣ, ба гуфтаи коршиносон, як монеа дар роҳи фосилавӣ кардани дарсҳо аст.

Абдухалил Холиқзода, мудири бемористони хусусии “Ибни Сино” мегӯяд, дар шароите ки донишҷӯён дар фазои маҳдуди аудитория дарс мехонанд, ба таври муассир пешгирӣ кардани беморӣ душвор аст. Холиқзода афзуд, роҳи ҳалли масъала риояи қоидаҳои беҳдошт дар ҳама ҷойҳои ҷамъиятӣ аст: “Дар ҳама ҷой, хоҳ нақлиёти ҷамъиятӣ аст, мактаб ё донишгоҳ, то он дараҷае, ки имкон ҳаст, талош кунем қоидаҳои беҳдоштӣ риоят шавад ва олудашавиро кам кунем. Донишгоҳу мактабро соли дароз баста намешавад.”

Дар Тоҷикистон 40 донишкада ва донишгоҳ фаъолият доранд ва дар онҳо беш аз 200 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунанд.

XS
SM
MD
LG