Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти раҳбарияти фирқаи миссионерӣ дар Русия


Саҳнаи боздошти Сергей Тороп – маъруф ба Виссарион. 22-юми сентябри соли 2020
Саҳнаи боздошти Сергей Тороп – маъруф ба Виссарион. 22-юми сентябри соли 2020

ФСБ ё Хадамоти амнияти федеролии Русия дар минтақаи Красноярск дар як рейди калоне раҳбарияти як фирқаи миссионерии диниро боздошт кард. Дар ин амалиёт даҳҳо мошинҳои низомӣ, автобусҳо, мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва чархболҳо истифода шудааст. Дар миёни боздоштшудаҳо – раҳбари ин фирқаи динӣ Сергей Тороп – маъруф ба Виссарион, Вадим Редкин ва Владимир Ведерников мебошанд. Тороп худро муассиси “Калисои аҳди охир” меномид. Дар маконе бо номи “Шаҳраки Офтоб”, ки аз ҷониби Тороп ва дигар аъзои гурӯҳи динии таъсисдодаи ӯ дар ҳудуди вилояти Красноярск амал мекард, тахминан 200 нафар зиндагӣ мекунад ва ин яке аз 40 чунин ҷомеаҳое мебошад, ки дар қаламрави Красноярск вуҷуд дорад. Ба иттилои бархе манбаъҳо, худи Тороп дар як калисои Петропавловка боздошт шуд. Мақомоти ҳифзи қонун гуфтанд, ки “Калисои аҳди охир” бо ҳадафи дарёфти даромади молӣ ба мардум фишори равониро раво медид ва дар натиҷа ба саломатии бархе аъзои ин созмон осеби дарозмуддат расонида шудааст”. Интерфакс мегӯяд, онҳоро дар он гунаҳгор мекунанд, ки “иттиҳоди диние ташкил кардаанд, ки фаъолияташ пурхушунат буд ва ба саломатии ду ва зиёда нафарон осеби сангин доштааст”. Назари худи Тороп ва дигар аъзои созмони динӣ маълум нест.

XS
SM
MD
LG